«ТОҶИКОН» — МАНБАИ ОМӮЗИШ БАРОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳои узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Назира Амирбекзода

Июль 31, 2022 11:37

ДУШАНБЕ, 31.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Таълифи китоби пурарзиш ва шоҳасари бунёдии Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» барои ҳар фарди тоҷик муқаддас аст. Зеро дар он тамоми паҳлуҳои таърихи пурғановати халқи тоҷик ва ҳаёту мамоти ин мардуми ориёитабор баръало таҷассум гардида, он дар пояи консепсияи мукаммали илмӣ таҳқиқу таҳлил гардида, ҳамчун зиндагиномаи ҳар тоҷику тоҷикистонӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ гардид. Ин шоҳасари безавол дар илми таърихшиносии дохил ва хориҷи мамлакат шуҳрати ҷаҳонӣ касб карда, имрӯз китоби рӯимизӣ ва роҳнамои ҳар хонаводаи тоҷик гардидааст. Китоби мазкур соли 1972 ба забони русӣ нашр шуда, солҳои 1983 ва 1985 ба забони тоҷикӣ тарҷума ва интишор гардида, се маротибаи дигар бознашр шудааст,- навиштааст муовини сардори Раёсати корҳои тарбиявии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Назира АМИРБЕКЗОДА зимни мақолаи худ.

Назира АМИРБЕКЗОДА

Сиёсати инсондӯстонаву фарҳангпарваронаи Пешвои миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият фароҳам оварад, ки мардуми сарбаланди тоҷик ҷиҳати баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва бедор намудани худшиносиву худогоҳии миллиашон дар радифи дигар миллату халқият аз таъриху тамаддуни оламшумули худ огоҳ бошанд.

Дар ин замина Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 декабри соли 2019) Ҳукумати мамлакатро вазифадор намуданд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик ва ҳарчи бештар ҷалб намудани мардуми фарҳангсолори тоҷик барои ҳифзи ҳувият ва анъанаву арзишҳои миллӣ то ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шоҳасари аллома Бобоҷон Ғафуровро аз чоп бароварда, барои ҳар оилаи кишвар дастрас намоянд. Хушбахтона, ин дастури Роҳбари давлат аз ҷониби масъулин иҷро гардида, айни замон он ҳамчун ганҷинаи нодир ва махзани маърифат ҷиҳати шиносоӣ бо таъриху тамаддуни миллати тоҷик ба ҳар хонадони хизмат намуда истодааст.

Устод Бобоҷон Ғафуров дар муддати қариб 30 соли таълифи китоб кӯшишҳои зиёде намуд, ки таърихи халқи тоҷикро амиқ омӯзад ва тамоми паҳлуҳои ҳаёти ин мардуми куҳантаборро бо далелҳо рӯи қоғаз биёрад. Ин аст, ки муаллиф ҳаҷми асарашро зиёд намуда, 2 китоби мукаммал навишт. Аллома Бобоҷон Ғафуров орзу дошт, ки китобаш ба забони тоҷикӣ нашр гардад ва ба хонандагон пешкаш карда шавад, вале орзуи устод танҳо баъди маргаш амалӣ гардид.

Барои таълифи шоҳасари «Тоҷикон» муаллиф аз сарчашмаҳои гуногуни асарҳои илмии муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ васеъ истифода бурда, дар бисёр ҳолатҳо ҳатто барои дастрас намудани маълумоти мукаммал ба дигар давлатҳо сафарҳо анҷом медод. Ҳамин тозакориҳо ва заҳматҳои академик Бобоҷон Ғафуров буд, ки китоби мурратабгардидаро, ки аз таъриху тамаддуни мардуми ориёитабор нақл мекунад, ҷаҳониён ба хубӣ пазируфтанд ва маҳз ин шоҳасар муаррифи тамаддуни ориёиён гардид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ ин асари безаволи аллома Бобоҷон Ғафуровро шиносномаи миллати тоҷик номидаанд. Он қутбнамоест барои шинохти миллати тоҷик ва худшиносии миллӣ. Президенти мамлакат дар муқаддимаи китоби «Тоҷикон» таъкид мекунанд, ки «ҳар фарди бедордили миллат бояд омӯзиши таърихи халқи азизашро вазифаи муқаддаси худ донад, аз гузаштаи пуршебу фарози он сабақ гирад ва бо корнамоиҳои фарзандони мардуми боҳимматаш шинос шуда, онҳоро дар ҳофизаи таърихиаш нигоҳ дорад».

Ё дар ҷои дигар Пешвои миллат зикр менамоянд, ки «маҳз осори мондагори академик Бобоҷон Ғафуров пояи бунёди омӯзиши таърихи халқи тоҷикро ташкил дод. Аз ин рӯ, корҳои нави илмӣ идомаи иқдомҳои неку шоистаи ин муаррихи барҷаста мебошанд, ки ба муаррифии халқи тоҷик ва таърихи пурифтихори он мусоидат менамоянд. Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ мо бояд бо иштибоҳу хатоиҳое, ки дар таърихи миллатамон борҳо иттифоқ афтодаанд, роҳ надиҳем, ба ояндаи хеш назари нек дошта бошем, боз ҳам муттаҳид гардем, ба рамзҳои давлатдории худ арҷ гузорем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, барои сулҳу суботи пойдор талош намоем ва дар пойдориву устувории давлатдории милли худ саҳми арзанда гузорем».

Муаллиф дар фасли якуми китоб сохти ҷамъияти ибтидоӣ ва пайдоиши нахустин қабилаҳо дар Осиёи Марказӣ ва кашфи қадимтарин ёдгориҳои ҳаёти инсонҳоро дар ин сарзамин ба қалам дода, оид ба осори палиолити поин, миёна ва боло маълумоти пурра додааст. Аз маълумоти дар китоб дарҷгардида бармеояд, ки натиҷаи ҳафриёти гуногуни олимони ҷаҳон ва таҳлилҳои типологӣ нишон дод, ки олоти қайроқсанги Осиёи Марказӣ- ин аҳли маданияти қайроқсангӣ ба ҳисоб рафта, беш аз 200 ҳазор сол ин қабила умр ба сар бурдааст. Дар баробари ин дигар олоти нави сангӣ, ки баъдтар соли 1973 дар зардоки Қаратоғи Ёвон ва сипас, дар ҳафт ҷои ҷануби Тоҷикистон дар ҷуқурии 50-65 метр воқеъ мебошанд, ёфт шуданд. Ҳамин тариқ, пайдоиши аввалин тоифаҳо дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ маҳз ба давраҳои маданияти қайроқсанг рост омад.

Сипас марҳила ба марҳила дар натиҷаи заҳматҳои олимону коршиносони олам, таърихи халқи тоҷик дар натиҷаи ҳафриёту гузаронидани корҳои илмӣ боз ҳам бештар омӯхта шуда, устод Бобоҷон Ғафуров онро бо такъя ба тадқиқоти олимон рӯи қоғаз овард.

Дар бахши дигари китоби «Тоҷикон» академик Бобоҷон Ғафуров оид ба масъалаи ориёитабор будани мардуми бумии тоҷик маълумот дода, бо такъя ба сарчашмаҳои таърихӣ ва тадқиқоти олимон нигоштааст, ки «Осиёи Миёна бо ноҳияҳои ҳамҷавори худ қадимтарин маҳалли иқомати тоифаи ориёиҳо будааст».

Дар фасли дуюми шоҳасари “Тоҷикон” оид ба таърихи Осиёи Марказӣ дар асри 6 ва ибтидои асри 5 пеш аз мелод ва пайдоиши аввалин давлатҳо маълумот дода шуда, он аз қадимтарин ва соҳибтамаддун будани мардуми эронизабон шаҳодат медиҳад. Бунёди давлати Ҳахоманишинҳо, ки подшоҳи он аз тоифи форс Куруши 2 буд, тавонист на танҳо давлати Мидиро ба салтанати худ ворид кунад, балки дар соли 547 ё 546 пеш аз мелод давлати юнонии Осиёи Хурд – Лидияро низ ба тасарруфи худ даровард ва як шоҳигарии бузурги ҳахоманишинонро таъсис дод ва он минбаъд дар рушди тамоми сарзамини эронитаборон заминаи хуб гузошт. Ва баъдтар давлатҳои Кушониёну Сосониён дар арсаи таърих арзи ҳастӣ намуда, дар ин давраҳо ҳунармандиву бинокорӣ, савдои дохиливу хориҷӣ, санъати ҳайкалтарошӣ ва осори хаттӣ ривоҷ ёфт.

Дар фасли сеюми боби якуми китоби «Тоҷикон» муаллиф дар хусуси пайдоиши муносибатҳои феодалӣ дар Осиёи Миёна ва падидаҳои нахустини пайдоиши онҳо дар давраи ҳукмронии давлати Сосониён навишта, шиддат гирифтани чандин муҳорибаву талошҳо барои қудрат байни ашрофону ғуломон ва дигар ҷамоатро зикр намудааст. Ин давлат зиёда аз 400 сол ҳукмронӣ намуда, аз бисёр ҷиҳатҳо он ҷолиби диққат буд. Якум, дар ин давра муносибатҳои феодалӣ босуръат инкишоф ёфта, давраи дуюм кувваҳои марказгурези волию ҳокимони алоҳида баланд гардида, дини зардуштӣ ба дараҷаи баланди динӣ мерасад, ки дар ин бора ба шоҳ Ардашери 1 чунин ҳикмат нисбат медиҳанд: «Тахт пояи меҳроб асту меҳроб пояи тахт”.

Давраи тараққиёт ва устуворшавии сохти феодалӣ дар Осиёи Марказӣ, дар фасли чоруми китоб, ки аз панҷ боб иборат аст ва дар он оид ба таърихи аз байн рафтани давлати Сосониён ва пайдоиши дини ислом, аз тарафи арабҳо забт карда шудани Мовароуннаҳр, муборизаи суғдиён, тахористониҳо бар зидди истилогарон маълумот дода шудааст. Масалан, оид ба муборизаи мардуми озодихоҳи Хатлон (Хуталон) ба муқобили истилоҳгарони араб ва роҳи гурез пеш гирифтани Қоиммақоми араб – Асад ибни Абдуллоҳ, ки баъди шикаст хӯрдан аҳли Балх дар ҳаққи ӯ чунин суруди тамасхуромез меофаранд:

Аз Хуталон омадия,
Ба рӯ тобоҳ омадия.
Обор боз омадия,
Хушку низор омадия.

Вале аз таърих бармеояд, ки агарчи мардуми озодихоҳи Хуталон дар ин набард зафар ёфта бошанд ҳам, аммо баъдтар истилоҳгарони араб оқибат як хилофати калони арабӣ таъсис дода, Осиёи Марказиро ба ин хилофат шомил кардаанд. Дар ин радиф ба забону фарҳанг ва расму оини мардуми ориёӣ таъсири манфӣ расонида, урфу одат ва забони худро ба сари мардум таҳмил мекардаанд. Лекин, хушбахтона, осори бузургони мо, аз қабили осори Форобиву Берунӣ, ибни Синову дигаронро халқҳои дар хилофатмонда аз худ намуда, онро ҳамчун ганҷинаи илму маърифат барои инсоният омӯхтанд ва саҳми пурарзиши онро дарк намуданд.

Бобоҷон Ғафуров раванди таърихи сиёсии асрҳои 9-10-ро аз пайдоиш ва ҳукмронии сулолаҳои Тоҳириёну Саффориён ва таъсиси давлати абадқудрати Сомониёнро дар шоҳасараш дарҷ намуд. Бахусус оид ба сохти давлатдории сулолаи Сомониён ва ташкили идории он махсус таъкид намуда, иқдомоти таъсиси усули нави давлатдориро дар мисоли таъсиси Девонҳо, ки аз 10 идораи марказӣ иборат будаанд, пеша кард. Фаъолияти ин девон ба рушди сулола каме ҳам бошад, таъсири мусбат расонд.

Ҳамзамон муаллиф бо такя ба сарчашмаҳои таърихӣ оид ба таъсис ва ҳукмронии сулолаҳои Ғазнавиёну Қарахониён, Ғӯриёну Хоразмшоҳиён, тохтутози муғулону ҳукмронии онҳо, пайдоиши давлати Темуриёну муносибатҳои иҷтимоии онҳо маълумоти пурмуҳтаво барои хонанда пешниҳод намуда, манофеъ ва зарари маънавиву иқтисодии ҳар яки ин сулолаҳоро барои мардуми Осиёи Миёна ва Мовароуннаҳр махсус зикр намудааст. Ва дар ин росто паҳлуҳои асосии таърихи халқи тоҷикро дар китоби якуми “Тоҷикон” ҷамъбаст намуд.

Дар китоби дуюми худ «Тоҷикон» Бобоҷон Ғафуров дар хусуси ҳаёти тоҷикон дар охирҳои асри миёна ва давраи нав сухан ронда, дар бораи давлати Шайбониёну Ҷониён, давлатии хонигарии Хӯқанд ва ба Русия ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна маълумоти муфассал дода, аҳволи халқи тоҷикро дар мубориза бар зидди аморати Бухоро ва Ҳукумати подшоҳӣ (нимаи дуюми асри 19) бо факту далелҳои амиқ ва муътамад пешниҳод кард. Барои шинос намудани хонандаи закӣ бо вазъи мардуми тоҷик дар арафа ва давраи револютсияи солҳои 1905 – 1907 ва давраи аз соли 1908 — то соли 1917, яъне то инқилоби Октябр, академик Бобоҷон Ғафуров заҳматҳои зиёд кашида, бурду бохти ин давраҳоро ба қалам дод. Ҳамзамон рушду нумуи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқро бо назардошти дигар шудани сохти давлатдориву ҷамъиятӣ дар бисёр ҳолатҳо хуб арзёбӣ намуда, ин омилро ба тараққиёти маорифу тандурустӣ, илму адабиёт, васеъ гардидани ҷаҳонбинии мардум мусоидати хеле хуб донист. Зеро бо иваз шудани форматсияи ҷамъиятӣ рушд ё таназзул баръало эҳсос мегардад.

Албатта, донистани таърихи худ барои ҳар шахс мояи ифтихору сарбаландист. Ва дар ин росто сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат ва ташаббусҳои инсонпарваронаи нобиғаи тоҷик, Пешвои миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳарчи бештар аз худ намудани таърихи ориёиҳо созгор аст.

Ҳамин аст, ки ба истиқболи 30 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шинохти миллати тоҷик аз Фонди захиравии Президенти мамлакат китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров бо сифати баланд чоп гардида, ба ҳар хонаводаи Тоҷикистон тақдим гардид. Дар баробари ин бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи миллат ва омӯзиши корномаҳои шоистаи миллати тоҷик Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 июли соли 2022 дар бораи баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» ба ифтихори 115-солагии аллома Бобоҷон Ғафуров ба тасвиб расид ва низомномаи он тасдиқ карда шуд. Иқдоми навбатии Пешвои миллат бори дигар ҳар як тоҷику тоҷикистониро водор месозад, ки аз таърихи халқи соҳибтамаддуну соҳибэҳтироми тоҷик бештар воқиф гардида, дар муаррифии миллати куҳанбунёд саҳм гузоранд.

Назира АМИРБЕКЗОДА,
муовини сардори Раёсати корҳои
тарбиявии Академияи идоракунии давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

АКС аз бойгонӣ

Июль 31, 2022 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак раванди иҷрои Барномаи ғизои мактабӣ дар вилояти Хатлон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо намояндагони донишгоҳҳои Русия омоданамоии мутахассисони соҳа баррасӣ шуд
«Тоҷикистон ва Чин: дар масири шарикии стратегӣ». Таҳти чунин унвон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ба шарафи Рӯзи илми тоҷик қадршиносии ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ доир гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар вилояти Хатлон 1303 синфхона бунёд мешавад
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон масъалаи омода намудани мутахассисон дар самти технологияҳои иттилоотӣ баррасӣ шуд
ҲАФТАИ ИЛМ. Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ оғоз гардид
Хонандагони тоҷик дар озмуни байналмилалӣ соҳиби 4 медали тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ гардиданд
Илму маориф дар пешрафти иқтисодию иҷтимоии давлати ҳуқуқбунёд ҷойгоҳи хосса дорад
Донишҷӯёни тоҷик дар олимпиадаи информатика байни 70 муассисаи олии ҷаҳон сазовори ҷойҳои намоён гардиданд
Ҳамкории Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо муассисаҳои олии Узбекистон густариш меёбад