ҲУШДОРИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: Ҳавои гарми ғайримуқаррарии Тоҷикистон то 28 июл идома меёбад

Июль 25, 2022 12:27

ДУШАНБЕ, 25.07.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони мамлакат  мерасонад, ки ҳарорати баланди ҳаво ва мавҷҳои гарми он дар ҷумҳурӣ  то 28 июл ҳукмфармо мебошанд.

Тибқи пешгӯии ҳавошиносон, то охири моҳи июл ҳаво дар баъзе водиҳо то +40+45 дараҷа ва дар навоҳии ҷануби кишвар то +47  дараҷа гарм боқӣ мемонад.

Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво гарм шуда, то 37+40 дараҷа ва дар вилояти ВМКБ то 42+44 дараҷа гарм мешавад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки бар асари гарм шудани ҳаво дар ҳавзаҳои дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон сатҳи об боло меравад. Инчунин дар ин рӯзҳо дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳи ҷумҳурӣ, ба истиснои қисмати шарқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари омадани селҳои пиряхӣ вуҷуд дорад.

Дар робита ба ин, 23 июл Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тавсияи қатъӣ ба ширкатҳои сайёҳӣ муроҷиат кардааст, ки барои пешгирӣ аз садамаҳо якҷоя бо мутахассисони Кумита нақшаи масири сайёҳон ба кӯҳистонро таҳия кунанд. Ҳамчунин Кумита аз аҳолӣ даъват мекунад, ки то ҳадди имкон ҳангоми чаронидани чорво, ҳангоми моҳидорӣ ва ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш хеле эҳтиёткор бошанд.

АКС аз бойгонӣ

Июль 25, 2022 12:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид