ҲУШДОРИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: Ҳавои гарми ғайримуқаррарии Тоҷикистон то 28 июл идома меёбад
ДУШАНБЕ, 25.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони мамлакат мерасонад, ки ҳарорати баланди ҳаво ва мавҷҳои гарми он дар ҷумҳурӣ то 28 июл ҳукмфармо мебошанд.
Тибқи пешгӯии ҳавошиносон, то охири моҳи июл ҳаво дар баъзе водиҳо то +40+45 дараҷа ва дар навоҳии ҷануби кишвар то +47 дараҷа гарм боқӣ мемонад.
Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво гарм шуда, то 37+40 дараҷа ва дар вилояти ВМКБ то 42+44 дараҷа гарм мешавад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки бар асари гарм шудани ҳаво дар ҳавзаҳои дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон сатҳи об боло меравад. Инчунин дар ин рӯзҳо дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳи ҷумҳурӣ, ба истиснои қисмати шарқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари омадани селҳои пиряхӣ вуҷуд дорад.
Дар робита ба ин, 23 июл Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тавсияи қатъӣ ба ширкатҳои сайёҳӣ муроҷиат кардааст, ки барои пешгирӣ аз садамаҳо якҷоя бо мутахассисони Кумита нақшаи масири сайёҳон ба кӯҳистонро таҳия кунанд. Ҳамчунин Кумита аз аҳолӣ даъват мекунад, ки то ҳадди имкон ҳангоми чаронидани чорво, ҳангоми моҳидорӣ ва ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш хеле эҳтиёткор бошанд.
АКС аз бойгонӣ








Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд






