Варзишгари тоҷик дар Малдив аз намуди бодибилдинг чемпиони Осиё шуд

Июль 22, 2022 10:39

ДУШАНБЕ, 22.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари тоҷик Жасмин Ан-Нимр дар Чемпионати 54-уми Осиё оид ба бодибилдинг ва ҷусса, ки 15-21 июл дар ҷазираи Маафушии Малдив баргузор шуд, ғолиб омад. Дар ин мусобиқа беҳтарин варзишгарони Осиё ширкат доштанд ва беҳтарини беҳтаринҳо аз ҷиҳати бартарӣ ва зебоии бадан намояндаи Тоҷикистон буд, ки медали тилло гирифт.

Дар чемпионат зиёда аз 500 нафар варзишгарон ва намояндагони 25 кишвари олам ширкат доштанд. Ин ҳамчунин аввалин Чемпионати Осиё оид ба бодибилдинг ва ҷусса аст, ки дар Ҷумҳурии Малдив баргузор шуда, аз ҷониби Федератсияи бодибилдинги Осиё, ки ҳамзамон узви Шӯрои олимпии Осиё мебошад, доир мегардад.

Чемпионати Осиё оид ба бодибилдингро бисёриҳо тамошобобтарин меноманд, зеро маҳз дар ин ҷо одам намуди зоҳирии худро нишон дода, нақл мекунад, ки инсон ба хотири ҷисми худ ба чӣ қодир аст.

Жасмин — яке аз беҳтаринҳо дар Тоҷикистон аст, ки чемпион ва ҷоизадори чандинкаратаи кишвар шудааст. Медали тиллои ӯ як муваффақияти бузург барои ин намуди варзиш дар Тоҷикистон аст. Варзишгарро собиқ роҳбари Федератсияи бодибилдинг ва пауэрлифтинги кишвар Олим Парпиев тамрин медиҳад. Дар робита ба гузаштан ба вазифаи нав Парпиев тасмим гирифт, ки аз вазифаи роҳбарӣ истеъфо диҳад.

Чанде қабл ӯро варзишгари маъруф Толеъ Холназаров иваз кард.

«Мо барои оммавӣ кардани бодибилдинг ва пауэрлифтинг бояд корҳои зиёде анҷом диҳем. Вазифаи асосӣ аз ҷалби сарпарастон барои дастгирии варзишгароне, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат мекунанд, иборат аст», — гуфт роҳбари нави федератсия.

АКС аз манобеи боз

Июль 22, 2022 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад