Варзишгари тоҷик Илдар Аҳмадиев дар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар ИМА иштирок мекунад

Июль 12, 2022 16:41

ДУШАНБЕ, 12.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 то 24 июли соли равон дар шаҳри Юҷинии иёлоти Орегони Штатҳои Муттаҳидаи Амрико Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук баргузор мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар чемпионати мазкур иштирокчии Бозиҳои олимпии Токио-2020 Илдар Аҳмадиев дар дав ба масофаи 100 метр намояндагӣ мекунад. Мусобиқаи дав ба масофаи 100 метр миёни мардҳо дар Юҷин 15-16 июл доир мегардад. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Кумитаи миллии олимпӣ хабар медиҳад.

Дар чемпионат, ки аз рӯи 49 мусобиқа (48 мусобиқа миёни мардон, 48 мусобиқа миёни бонувон ва 1 мусобиқаи омехта) баргузор мешавад, 1900 варзишгар аз 200 давлати дунё ширкат мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки Илдар Аҳмадиев 1 марти соли 2000 дар шаҳри Ҳисор таваллуд шудааст. Донишҷӯи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ва узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба варзиши сабук мебошад. Таҳти роҳнамоии мураббӣ Ғайрат Неъматов тамрин мекунад. Илдар дар дав ба масофаи 100 метр ва ҷаҳиш ба дарозӣ солҳои 2019-2021 дар мусобиқаи гуногуни байналмилалӣ соҳиби ҷоизаҳо гардидааст.

Дар доираи Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар Юҷин, ҳамчунин Конгресси Созмони варзиши сабуки ҷаҳонӣ баргузор мегардад, ки дар он ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон Дилшод Назаров ширкат мекунад.

Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чемпионатҳои ҷаҳон оид ба варзиши сабук 3 медал дорад – 2 тилло, 1 нуқра. Медалҳои тиллоро солҳои 1993 (Штутгарди Олмон) ва 1995 (Гетеборги Шведсия) Андрей Абдувалиев ва медали нуқраро соли 2015 (Пекини Чин) Дилшод Назаров дар риштаи гурзандозӣ ба даст овардаанд.

АКС: КМО Тоҷикистон

Июль 12, 2022 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд