Вазорати мудофиа: «Нисбат ба ашхосе, ки дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳ маълумоти бардурўғ ва носаҳеҳ паҳн мекунанд, ҷазо дар намуди ҷарима ё ҳабси маъмурӣ татбиқ гардад»
ДУШАНБЕ, 12.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пешгирӣ намудан аз паҳн кардани ҳар гуна маълумоти бардурўғ ва носаҳеҳ тавассути воситаҳои ахбори омма, интернет ё шабакаҳои дигари алоқаи барқӣ оид ба шарту шароити хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё оид ба раванди баргузории маъракаҳои даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, инчунин дигар ахбороту овозаҳои бардурўғу бофташудае, ки боиси коста гардидани шаъну шарафи Артиши миллӣ ва хизматчиёни ҳарбии он мегардад, аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва пешниҳод гардидааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
«Омўзиши таҷрибаи дигар кишварҳо нишон медиҳад, ки паҳн кардани маълумоти бардурӯғи дорои аҳамияти иҷтимоӣ ва оммавӣ, аз ҷумла дар бораи ҳолатҳое, ки ба ҳаёт ва бехатарии одамон таҳдид мекунанд, боиси оқибатҳои вазнин гардида, чунин кирдор дар қонунгузории онҳо акнун ҷиноят ҳисобида мешавад, — гуфтанд дар ниҳоди мудофиавии мамлакат.
Мавриди зикр аст, ки афзоиши шумораи хабарҳои бардурӯғи паҳншуда дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби баъзе кормандони ВАО ва дигар ашхоси дорои мақсаду нақшаҳои ғаразнок, ҷустуҷӯйи роҳҳои нави мубориза бо чунин маълумоти бардурӯғ, аз ҷумла ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақозо менамояд.
Бояд тазаккур дод, ки раванди торафт паҳн шудани ҳар гуна иттилооти бардурўғ дар миёни ҷомеа эътимоду боварӣ ва тарафдории мардумро нисбат ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон заиф намуда, ба қадру манзалат ва иқтидори мудофиавии кишвар таъсири манфӣ мерасонад.
Ҳамзамон бо назардошти сиёсати инсондўстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи Қонуни мазкур ҷиҳати коҳиш додани шиддати бадномшавии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар марҳилаи кунунӣ танҳо ҷорӣ кардани ҷарима ё ҳабси маъмуриро барои вайронкунандагони он пешбинӣ менамояд.
Аз ин лиҳоз, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар масъалаи коҳиш додани шиддати бадномшавии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунад, ҳаматарафа дастгирӣ менамояд.
АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд






