10 АВГУСТ-РӮЗИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИКИСТОН. Бахшида ба ин сана дар мамлакат Даҳаи мусобиқоти ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад

Август 10, 2022 09:50

ДУШАНБЕ, 10.08.2022. /АМИТ «Ховар»/. 10 август дар ҷумҳурӣ Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон таҷлил мешавад. Ин рӯз бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавияти варзиш ва ҷалби бештари наврасону ҷавонон ва аҳолии ҷумҳурӣ ба варзиш эълон шудааст. Бахшида ба ин сана дар Тоҷикистон аз 1 то 10 август мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявӣ доир карда мешаванд.

Тавре Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, ба таъмини оммавияти варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат ба омодакунии варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла мусобиқаҳои квалификатсионӣ равона гардидааст.

«Бо ифтихор метавон зикр намуд, ки имрӯзҳо варзишгарони тоҷик дар қатори ҳазорон шаҳрвандони бонангу номуси Тоҷикистон дар ин соҳа хизматҳои шоиста намуда, баҳри баланд гардидани нуфузу эътибор ва шарафи Ватани азизамон саҳми арзанда мегузоранд»,-гуфт Абдулло Раҳмонзода.

Ӯ иброз дошт, ки имрӯзҳо бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ, хусусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ соҳаи мазкур рушд ёфта, варзишгарон пайваста дастгирӣ карда мешаванд. Далели ин гуфтаҳо бунёди беш аз 10 ҳазор иншооти варзишӣ дар қаламрави мамлакат мебошад.

Тибқи омори расмӣ, аз шумораи умумии иншооти ба ифтихори 30–солагии истиқлолияти давлатӣ сохташуда 23 фоизашро иншооти соҳаи варзиш ташкил медиҳанд, ки ин натиҷаи таваҷҷуҳ ва ғамхории давлату Ҳукумат, пеш аз ҳама, ба наврасону ҷавонон мебошад.

«Бо мақсади рушд додани варзиш дар кишвар маҳз бо дастури Ҳукумати мамлакат аз ҷониби мақоми ваколатдори соҳа «Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026», «Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» таҳия ва аз ҷониби Ҳукумати мамлакат қабул гардиданд. Барномаҳои мазкур метавонанд дар рушди минбаъдаи фаъолият дар самти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш мусоидат намоянд»,-изҳор намуд Раиси Кумита.

Ба зикри номбурда, соли 2021 дар таҳрири нав қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои ба танзим даровардан ва дуруст ба роҳ мондани фаъолият дар ин соҳаи муҳим нақши созгор мегузорад.


«Иқдоме, ки варзишдӯстдор будани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бори дигар ба ҷаҳониён собит сохт, ин таъсиси «Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ» мебошад. Варзишгарони тоҷик баъди таъсиси ин ҷоиза рӯҳи тоза гирифта, бо дасту дили гарм ба ин намуд рӯ оварданд. То имрӯз ҳашт маротиба Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуда, 216 нафар бо ин ҷоиза сарфароз гардонида шудаанд, ки ҳаҷми умумии маблағи ҷоиза 4 миллиону 392 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад ва маблағҳои мазкур аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидаанд»,-илова намуд ӯ.

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ варзишгарони тоҷик ба хазинаи варзишии кишвар аз мусобиқоти сатҳи баланди ҷаҳонию минтақавӣ беш аз 6000 медал ворид намуданд. Ба ифтихори варзишгарони тоҷик зиёда аз 6000 маротиба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барафрохта шуда, зиёда аз 1800 маротиба Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ садо додааст.

Муаррифӣ намудани варзиши тоҷик дар сатҳи ҷаҳон ва дарёфту омода намудани варзишгарони касбии сатҳи баланд тавассути баргузории мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва чемпионатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешавад. Танҳо бо ташаббуси Кумита дар шаш моҳи соли равон 49 чорабинии сатҳи ҷумҳуриявии варзишӣ баргузор карда шуд, ки дар онҳо 5127 нафар варзишгар, аз ҷумла 1044 нафар бонувон иштирок намуданд.

Бо мақсади омодагии ҷиддӣ барои ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж – 2024 аз ҷониби Кумита дар якҷоягӣ бо Кумитаи миллии олимпӣ ва федератсияҳои варзишии ҷудо, таэквондо ВТФ, варзиши сабук, гӯштини тарзи озод, гӯштини юнонӣ-румӣ ва қаиқронӣ нақшаи сеҷониба барои маблағгузорӣ ба имзо расонида шуда, дар асоси он варзишгарони дастаи мунтахаб аз рӯи намудҳои афзалиятнок ба мусобиқаҳои байналмилалӣ сафарбар карда шуданд.

Дар асоси ин нақшаҳо 295 нафар варзишгарон ба мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ва ҷамъомадҳои таълимию варзишӣ берун аз кишвар сафарбар гардида, дар ҳаҷми 609 ҳазору 851 сомонӣ маблағгузорӣ гардиданд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

 

Август 10, 2022 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстона бо тими мунтахаби Ҳиндустон муайян гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд
Дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол майдони варзишии «Ҳумо Арена» ифтитоҳ ёфт
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол Фестивали бошукуҳи футбол баргузор гардид
Дар Душанбе Варзишгоҳи миллӣ ба истифода дода мешавад
Хислатҳои неки роҳбарии Рустами Эмомалӣ -ҳадафмандӣ, таваҷҷуҳ ба таҷрибаҳои беназир, эҳтиром ба одамон ва муоширати сатҳи баланд
Эмомалӣ Раҳмон: «Футбол имрӯз на танҳо як намуди варзиш, балки омили муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии халқҳо гардидааст»
Дар шаҳри Оснабрюки Олмон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол мусобиқа баргузор гардид
25 МАЙ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ Фестивали футбол доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил карда шуд
Дар Хатлон Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд