Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми роҳбарони минтақаҳои СҲШ дар Тошканд иштирок мекунад
ДУШАНБЕ, 03.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҷумъазода дар нахустин Форуми роҳбарони минтақаҳои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки 3-4 август дар Тошканд баргузор мешавад, иштирок мекунад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба ҳайати Тоҷикистон ҳамчунин муовини Раиси ВМКБ Умедҷон Носирзода ва корманди Кумитаи рушди маҳал Хуршед Каримов шомиланд.
Ҳадафи асосии форум ҷалби таваҷҷуҳи кишварҳои узви СҲШ ба масъалаҳои рушди минбаъдаи сайёҳӣ, фарҳанг ва кишоварзӣ мебошад.
Барномаи форум, ки ду рӯз давом мекунад, ҷаласаи пленарӣ, инчунин се иҷлосияи панелӣ оид ба масоили рушди сайёҳӣ, кишоварзӣ ва ҳамкории фарҳангию гуманитариро дар бар мегирад. Иштирокчиён дар ҷаласаҳои панелӣ ба лоиҳаҳои муштараки технологияи олӣ доир ба истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла дар бахши озуқаворӣ, инчунин ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва логистикаи нақлиётӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.
Форуми роҳбарони минтақаҳо чун арсаи муколама амал намуда, ба кишварҳои минтақа имкон медиҳад, ки самтҳои ояндадори рушди минбаъдаи минтақаро якҷоя ва ҳамаҷониба баррасӣ кунанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд






