Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми якуми байналмилалии фарҳангии кӯдакон дар Москва иштирок дорад
ДУШАНБЕ, 26.08.2022. /АМИТ «Ховар»/. Аз 24 то 28 август Форуми якуми байналмилалии фарҳангии кӯдакон бори аввал дар шаҳри Москва баргузор мегардад. Дар ин бора Вазири фарҳанги Федератсияи Русия Олга Любимова дар шабакаи телеграми худ хабар дод, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дод, дар форуми мазкур гурӯҳи таълимгирандагони Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе», ки 24 август ба пойтахти Русия парвоз карда буд, иштирок дорад.
Дар форум зиёда аз 1,5 ҳазор нафар кӯдакону наврасон аз тамоми манотиқи Федератсияи Русия ва намояндагони 10 кишвари дигар ҳузур доранд.
«Тибқи барномаи форум, иштирокчиён дар зиёда аз 60 чорабинии гуногун иштирок хоҳанд кард. Аз ҷумла, дар дарсҳои маҳорат ширкат варзида, бо ҳамсолони худ аз дигар минтақаҳо муошират менамоянд. Инчунин ба воситаи ин форум кӯдакону наврасон бо якдигар табодули таҷрибаи эҷодӣ намуда, бо ҷойҳои ҷолиби диққати Москва ва мавзеъҳои таърихии он шинос мешаванд. Дар ҷараёни форум иштирокчиён бо шахсиятҳои барҷастаи Русия суҳбату вохӯрӣ анҷом медиҳанд»,- гуфт ба АМИТ «Ховар» директори Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» Комилҷон Холов.

Мавсуф иброз дошт, ки ҳадаф аз баргузории форму дарёфти чеҳраҳои нав аз ҳисоби кӯдакони лаёқатманд, ки дар соҳаи фарҳангу санъат қобилияти барҷаста нишон додаанд, инчунин кушодани имконоти нав барои муколамаи байнифарҳангӣ ва намоиш додани дастовардҳои фарҳанги Русия миёни хурдтарин эҷодкорон мебошад.
Форум ба наврасон имкон фароҳам меорад, ки лоиҳаҳои эҷодии худро дар сатҳи байналмилалӣ пешниҳод намоянд. Беҳтарин лоиҳа маблағгузорӣ мешавад.
Тибқи нақша, форум мебоист моҳи августи соли 2021 доир гардад, вале бинобар пандемияи коронавирус баргузории он мавқуф гузошта шуд.
АКС аз манбаъҳои боз








Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Аврупо созишномаҳо ба имзо расонид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявии илмию амалӣ доир гардид
Беҳрӯз Табаров дар озмуни «Беҳтарин омӯзгори мактабҳои олии шаҳри Хабаровск» дар соли 2026 ҷойи якумро соҳиб шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Парчами миллӣ таҷассумгари таърихи миллат, хотираи ҷамъиятӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва ормонҳои давлатдорӣ аст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами миллӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Оид ба нақши рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ дар рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
«АЗ ТОҶИКИСТОН ТО ҶАҲОН». Андешаҳо дар ҳошияи асари тозанашри Абдураҳмон Аламшозода
Дар Донишгоҳи миллӣ таҳти унвони «Парчами давлатии Тоҷикистон – таҷассумгари ҳувияти миллӣ» ҳамоиш доир гардид
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо ташаббуси Пешвои миллат иштирокчиёни озмун соҳиби имтиёз мешаванд
Конфронси IV байналмилалии «Донишгоҳҳо ҳамчун марказҳои нави илм, тиҷорат ва ҷомеа» баргузор мегардад






