Ҷаласаи Кумитаи зиддитеррористии Шӯрои амнияти СММ дар Ҳиндустон баргузор мегардад

Август 5, 2022 10:15

ДУШАНБЕ, 05.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаи махсуси Кумитаи зиддитеррористии Шӯрои амнияти СММ моҳи октябри соли 2022 дар Мумбай баргузор мешавад. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора нашрияи The Hindu бо истинод ба Кумитаи иҷроия иттилоъ додааст.

«Бо назардошти таҳдидҳои афзоянда, ки дар худ истифодаи нодурусти технологияҳои нав ва ташкилшавандаро фаро мегирад, Кумитаи зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид тасмим гирифт ҷаласаи махсуси худро оид ба ин масъала 29 октябр дар Ҳиндустон баргузор намояд»,- изҳор доштааст Кумитаи иҷрояи КЗТ.

Дар нишаст масъалаҳои марбут ба мубориза бар зидди хатарҳои афзоянда, ки дар самти истифодаи интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, ВАО, системаи алоқа ва дастрасӣ, инчунин системаҳои ҳавоии бесарнишин баҳри амалисозии мақсадҳои террористӣ равона мегарданд, баррасӣ мешаванд.

Ҳиндустон имсол раёсати Кумитаи зиддитеррористиро ба уҳда мегирад.

Дар нишасти махсус, ки дар Мумбай баргузор мегардад, иштироки намояндагони 15 кишвари узви доимӣ ва интихобшавандаи Шӯрои амнияти СММ, аз ҷумла Русия, Чин ва ИМА дар назар аст.

АКС аз манбаъҳои боз

Август 5, 2022 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд