Ҳамарӯза дар ИМА то 400 нафар бар асари коронавирус мефавтанд

Август 12, 2022 12:14

ДУШАНБЕ, 12.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Новобаста аз нишонаҳои коҳишёбии афзоиши пандемия ҳамарӯза ба ҳисоби миёна 400 нафар амрикоиҳо бар асари коронавирус мефавтанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «ABC News».

Бино ба маълумоти Маркази назорат ва пешгирии бемориҳо дар ИМА, шумораи ҳолатҳои нави сироятёбӣ коҳиш меёбад. Ҳоло ҳамарӯза 107 ҳазор ҳолати нав ба қайд гирифта шуда, ба ҳисоби миёна дар як ҳафтаи охир ин нишондиҳанда 12% коҳиш ёфтааст.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва хадамоти иҷтимоии ИМА, шумораи амрикоиҳои мубтало ба ин вирус, ки дар беморхонаҳои саросари кишвар табобат мегиранд, ба сатҳи пешбинишуда расида, тақрибан 43 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дар ҳоле ки зимистони соли гузашта беш аз 160 ҳазор нафар гирифторони коронавирус дар беморхона бистарӣ шуда буданд.

Бо вуҷуди баъзе пешравиҳои мусбат фавт аз коронавирус дар сатҳи муътадили баланд боқӣ мемонад.

Гуфта мешавад, ки ҳамарӯза тақрибан 400 нафар амрикоиҳо бар асари коронавирус мефавтанд ва ин шумораи умумии ҳамарӯза аз фасли баҳор инҷониб ба таври назаррас коҳиш наёфтааст. Танҳо дар ҳафт рӯзи охир дар ИМА тақрибан 2,7 ҳазор ҳолати фавт бар асари COVID-19 ба қайд гирифта шудааст. Аз оғози соли 2022 тақрибан 205,000 нафар амрикоиҳо бар асари ин вирус фавтидаанд.

Аз пайдо шудани омикрони аслӣ зиёда аз ҳашт моҳ гузашт ва гарчанде штамми аслӣ дигар дар ИМА паҳн намешавад, навъҳои он гардишро идома медиҳанд.
BA.5, як навъи омикрон дар айни замон беш аз 87% ҳолати нави COVID-19-ро дар ИМА ташкил медиҳад.

Коршиносони соҳаи тандурустӣ бори дигар аз амрикоиҳо, ки беш аз 70 миллион нафари онҳо эм карда нашудаанд, даъват мекунанд, ки ваксина гиранд.

АКС: FOTOGRIN/Shutterstock.co

Август 12, 2022 12:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд