Ба Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика нақлиётҳои яхдондор тақдим карда шуданд

Август 25, 2022 11:38

ДУШАНБЕ, 25.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактикаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду адад анақлиёти яхдондор (Авторефрижератор) тақдим гардид.

Тавре дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, нақлиётҳои мазкур бо мақсади беҳтар гардонидани дастрасии хизматрасонӣ оид ба саривақт ва бехатар интиқол намудани ваксинаҳои зидди COVID-19 ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла ваксинаҳое, ки ба ҳарорати гармӣ ҳассосияти зиёд доранд, аз қабили «Pfizer», «Moderna» ва дигар намудҳо, тақдим гардиданд.

Ҳар як нақлиёт бо арзиши 48 ҳазору 800 доллари ИМА аз ҷониби Лоиҳаи «Рушди хизматрасонии тиббӣ»-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ гардида, ҳамчун кумаки башардустона ба Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика тақдим шуданд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Август 25, 2022 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҲУНАРМАНДИ СОЛ-2026». Даври ҷумҳуриявии озмун ҷамъбаст гардид
Роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон Габриэл Акимова: «Тоҷикистон як гавҳари ниҳон аст»
Дар Хадамоти иҷро масъалаи рақамикунонӣ ва тақвияти ҳамкории байниидоравӣ дар шароити муосир баррасӣ гардид
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ доир шуд
Форуми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак баргузор гардид
Байни Тоҷикистону Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Таҷрибаи рушди маҳал ва маорифи Тоҷикистон дар форуми Москва муаррифӣ карда шуд
Дар Душанбе 16-умин Муколамаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон доир шуд
ОГОҲӢ! Аз 27 то 29 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Ба шарафи варзишгарони тоҷик Парчами давлатии Тоҷикистон зиёда аз 850 маротиба баланд бардошта шуд
Сокинони Рашт бо парчамҳои давлатӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ ба роҳпаймоӣ баромаданд
Беш аз 30 ҳазор сокинони Хуҷанд ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ба роҳпаймоӣ баромаданд