Беш аз 60 дарсади ҳиссаи муомилоти молии Тоҷикистон ба кишварҳои минтақаи СҲШ рост меояд

Август 17, 2022 15:00

ДУШАНБЕ, 17.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 60 дарсади ҳиссаи муомилоти молии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои минтақаи СҲШ рост омада, бузургтарин шарикони тиҷоратии Тоҷикистон маҳз давлатҳои узви СҲШ, аз ҷумла Русия, Чин, Қазоқистон, Узбекистон, Покистон ва Ҳиндустон мебошанд. Дар ин бора зимни баргузории Форуми иқтисодии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар доданд, 16-17 август ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода дар Форуми иқтисодии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, иштирок намуд.

Дар форуми мазкур намояндагони кишварҳои аъзои СҲШ, аз ҷумла Тоҷикистон, Чин, Эрон, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Узбекистон ва Русия иштирок намуданд.

А. Солеҳзода зикр намуд, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони кишварҳои СҲШ муносибатҳои кишварҳо пайваста рушд ёфта, ба сатҳи олӣ баромадаанд.

Дар натиҷаи иҷрои дастуру супоришҳои сарони давлатҳо ва таваҷҷуҳи хоссаи онҳо ба тақвияти муносибатҳои бисёрҷониба гардиши савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистон ва кишварҳои СҲШ дар шашмоҳаи аввали соли 2022 68 фоизро ташкил додааст.

Ҷонибҳо ҳамчунин дар вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои рақамикунонӣ, тиҷорати электронӣ, «иқтисоди сабз», кишоварзӣ, афзоиши ҳаҷми содирот, пеш аз ҳама, маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон ба кишварҳои СҲШ, рушди минбаъдаи робитаҳо дар бахши нақлиёт ва логистикаро баррасӣ намуданд.

Ҳамзамон зикр гардид, ки дар тӯли беш аз 20 сол дар маҷмӯъ дар чаҳорчӯби СҲШ ҳамкории мутақобила ба роҳ монда шуд, ки ба таҳкими иқтидори иқтисодии созмон нигаронида шудааст.

Ёдовар бояд шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои асосгузори СҲШ мебошад. Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкории мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои зикршуда изҳор намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Август 17, 2022 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бонки миллии Тоҷикистон давраи омӯзишӣ оид ба рушди ҳамкории касбӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон истеҳсоли барқ аз неругоҳҳои офтобӣ бештар гардидааст
Ҷаласаи 22-юми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Форуми III байналмилалии саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлургия доир мегардад
Парчам ҳамчун рамзи нангу номус, истиқлолият, давлатдорӣ ва муттаҳидии халқ мақоми хосса дорад
Дар Суди Олии иқтисодӣ Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
Рақамикунонии низоми андоз – имконияти нав барои андозсупорандагон
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Тавассути имзои рақамӣ шаҳрвандон шахсияти худро фосилавӣ тасдиқ ва ҳуҷҷатҳоро ба таври электронӣ имзо менамоянд
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ Рӯзи Парчами давлатиро таҷлил намуданд
Татбиқи технологияҳои муосир дар фаъолияти мақомоти гумруки Тоҷикистон баррасӣ гардид