БОЗИҲОИ ҲАМБАСТАГИИ ИСЛОМӢ. Варзишгари тоҷик Екатерина Ишенко дар мусобиқаи тенниси рӯи миз сазовори медали нуқра шуд
ДУШАНБЕ, 15.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи шашуми Бозиҳои 5-уми ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Қунияи Туркия варзишгари тоҷик Екатерина Ишенко дар мусобиқаи тенниси рӯи миз миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд сазовори медали нуқра шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Мусобиқаи пара-тенниси рӯи миз (класси 9) ба таври даврӣ сурат гирифт. Дар мусобиқа 4 варзишгар ширкат карданд. Екатерина дар ду давр бар варзишгарони Эрон Пагоҳ Кулоҳрудӣ ва Сумайя Мустафовижафарухӣ ғалаба карда, аз варзишгари мизбон Неслихон Каваш мағлуб гардида, ҷои дуюмро ишғол кард.
Ин чорум медали ҳайати олимпии Тоҷикистон дар Бозиҳои 5-уми ҳамбастагии исломӣ мебошад. Дар рӯзи чоруми мусобиқот варзишгарони мо 3 медал ба даст оварда буданд. Илдар Аҳмадиев дар варзиши сабук — мусобиқаи ҷаҳиш ба дарозӣ — бо натиҷаи 7.86 метр сазовори медали нуқра ва дар гӯштини юнонӣ-римӣ Асламҷон Азизов дар вазни -55кг ва Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни -63кг сазовори ду медали биринҷӣ шуданд.
Бозиҳо то 18 август идома меёбанд. Варзишгарони мо дар намудҳои камонварӣ, ҷудо ва каратэ мусобиқаҳоро идома медиҳанд.
Пас аз натиҷагирии шаш рӯзи Бозиҳои 5-уми ҳамбастагии исломӣ кишвари мизбон – Туркия пешсаф аст. Варзишгарони мизбон сазовори 177 медал (63 тилло, 63 нуқра, 51 биринҷӣ) гардидаанд.
Эрон бо 28 медали тилло, 23 нуқра, 27 биринҷӣ (78 медал) дар ҷои дуюм, Узбекистон бо 21 медали тилло, 18 нуқра, 26 биринҷӣ (35 медал) дар ҷои сеюм мавқеъ доранд.
Тоҷикистон бо 2 медали нуқра ва 2 медали биринҷӣ миёни 56 кишвари иштирокчӣ дар ҷои 27-ум аст.
ДАР АКС: Екатерина Ишенко бо шореҳи варзиш Аловиддин Буриев. Акс: АМИТ «Ховар»








Дар Москва бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ Мусобиқа оид ба футболи хурд таҳти унвони «Ҳамбастагӣ-2026» баргузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав Маркази рушди бокс ва майдони варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар деҳаи Себистони ноҳияи Данғара майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар раддабандии нави ФИФА мақоми 101-умро соҳиб гардид
Дар Бадахшон лигаи волейбол байни мардон оғоз гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии дӯстона тими миллии Ҳиндустонро мағлуб кард
Варзишгар аз Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев дар Узбекистон медали тиллоро сазовор шуд
ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Чин бозиҳои дӯстона баргузор мекунад
Ғолибони Чемпионати Осиё оид ба бокс қадрдонӣ карда шуданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстона бо тими мунтахаби Ҳиндустон муайян гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд






