ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2022. Имрӯз дастаи ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Узбекистон бозӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 10.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 10 август, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозиҳои даври чаҳоруми мусобиқаи Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни дастаҳои ҷавонони то 19-сола баргузор мешаванд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-19), ки дар оғози мусобиқот бар тимҳои Афғонистон (4:1) ва Қирғизистон (3:1) пирӯзӣ ба даст оварда буд, имрӯз бо ҳамсолони худ аз Узбекистон рақобат менамояд. Бозӣ соати 21:00 оғоз мешавад.
Чемпионати CAFA-2022 миёни дастаҳои то 19-сола
Даври 4
10 август (чоршанбе)
18:00 – Эрон – Қирғизистон
21:00 – Узбекистон – ТОҶИКИСТОН
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
Акс: ФФТ








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






