ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ДЗЮДО. Имрӯз Беҳрӯз Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков ва Шодмон Ризоев бо ҳарифонашон рақобат мекунанд
ДУШАНБЕ, 05.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз се паҳлавони тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни то 73 кг, Сомон Маҳмадбеков ва Шодмон Ризоев, ҳарду дар вазни то 81 кг дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини дзюдо миёни калонсолон дар шаҳри Нур-Султони Қазоқистон баромад мекунанд. Дар ин бора шореҳи варзиш Муродалӣ Тешаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Тавре қаблан хабар додем, 4 август дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Нур-Султон Чемпионати Осиё оид ба гӯштини дзюдо оғоз гардид, ки Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи баланд 9 варзишгар намояндагӣ мекунанд. Рақобатҳо аз рӯи 14 вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни бонувон) доир мегарданд.
Мавриди зикр аст, ки дирӯз паҳлавони ҷавони тоҷик Муҳаммад Маҳмадизода дар вазни 60 кг дар рақобатҳои Чемпионати Осиё оид ба дзюдо миёни калонсолон бинобар доштани вазни изофӣ иштирок карда натавонист.
Ҳамчунин дар ин рӯз паҳлавони дигари тоҷик Шаҳбоз Саидабуроров дар вазни то 66 кг бо шикаст додани варзишгари ҳиндӣ Нитин Ҷуҳан ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт ва дар ин давр аз варзишгари ҷопонӣ Риёма Танака шикаст хӯрда, ба даври тасаллобахш рафт. Дар даври тасаллобахш Шаҳбоз аз Эрхембайар Баттогтохи муғул мағлуб гардид ва имкони ба даст овардани нишони биринҷиро дар ин мусобиқа аз даст дод.
АКС аз манбаъҳои боз








Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд






