Чин моҳи август раёсати Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳидро бар уҳда мегирад

Август 4, 2022 13:44

ДУШАНБЕ, 04.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 1 август Чин раиси навбатии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид /СММ/  мегардад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» хабар додааст.

Намояндаи доимии  Ҷумҳурии Мардумии Чин дар назди СММ Чжан Тсзюн (акс) машваратҳои дохилии Шӯрои амнияти СММ-ро, ки дар он нақшаи кори ин мақомот барои моҳи август тасдиқ карда шуд, раисӣ намуд. Бар асоси ин тарҳ моҳи август Шӯрои амнияти Созмони Милал якчанд масоил, аз ҷумла мушкилоти Яман, Сурия, Либия, Ховари Миёна, Фаластин ва мубориза бо терроризмро баррасӣ менамояд.

Бо ибтикори ҷониби Чин Шӯрои амният ҳамчунин дар мавзӯъҳои «Ҳифзи амнияти умумӣ» ва  «Ташаккули тавоноии кишварҳои Африқо» ду ҷаласаи махсус баргузор хоҳад кард. Ба гуфтаи фиристода, Чин барномаи рушди СММ-ро пеш мебарад. Чин ташаббуси глобалии СММ доир ба рушдро ба миён гузоштааст, ки он имкон медиҳад дар ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувори СММ барои давраи то соли 2030, рафъи буҳрони ҷаҳонии ғизо, нобаробарӣ ва номутаносибии рушд саҳм гузошта шавад.

Чжан Тсзюн тасдиқ кард, ки Чин ҳамеша уҳдадориҳои молиявии худро дар назди СММ фаъолона иҷро мекунад. Ҷумҳурии Мардумии Чин аз лиҳози маблағгузорӣ ба буҷети доимии СММ ва буҷети амалиёти посдори сулҳ  бузургтарин кишвар буда,  дар ҷои дуюм қарор дорад.

АКС: bigasia.ru

Август 4, 2022 13:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд