Варзишгари тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни ҷавонон мақоми панҷумро ба даст овард

Август 1, 2022 10:01

ДУШАНБЕ, 01.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 25-31 июл дар шаҳри Рими Италия Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштин миёни наврасони то 17-сола баргузор шуд. Дар чемпионат 597 варзишгар (419 писар, 178 духтар) аз 54 давлат иштирок карданд. Ягона намояндаи Тоҷикистон дар ин чорабинӣ Муҳаммадамин Абдуллоев (80кг) дар гуштини тарзи озод ҷои панҷумро гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.

Ӯ дар ҳаштякфинал варзишгари Швейтсария Ноаҳ Счваллер, дар чорякфинал намояндаи Арманистон Папин Ҳунанянро шикаст дода, дар нимфинал аз варзишгари Эрон Ризо Сулаймониён ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм аз варзишгари ШМА Закари Ридер мағлуб гардид.

Ёдовар мешавем, ки моҳи июн дар Чемпионати Осиё оид ба гуштин миёни наврасони то 17-сола дар Бишкеки Қирғизистон Муҳаммадамин Абдуллоев сазовори медали нуқра шуда буд.

АКС: Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон

Август 1, 2022 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад