Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон сохтмони бинои дуошёнаи таҷрибаомӯзӣ оғоз ёфт

Август 6, 2022 09:19

ДУШАНБЕ, 06.08.2022. /АМИТ «Ховар»/. Вобаста ба амалӣ намудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва баҳри баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён  дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ сохтмони бинои дуошёнаи таҷрибаомӯзӣ оғоз гардид. Дар ин бора котиби матбуоти донишгоҳ Ҳабибулло Сатторов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Ин бинои дуошёна бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати корҳои таҷрибаомӯзии донишҷӯёни факултетҳои химия, биология ва география дар боғи «Агробиолабораторӣ»-и донишгоҳ ба нақша гирифта шуда, бо лавозимоти муосири таҷрибаомӯзӣ муҷаҳҳаз гардонида мешавад.

Сохтмони бинои замонавии мазкур дар мавзеи бинои пешинаи он, ки корношоям буд, қомат афрохта, айни замон тибқи нақшаи роҳбарияти онишгоҳ корҳои сохтмонии бинои дуошёна оғоз гардидаанд.

Бояд тазаккур дод, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, яъне фанҳои астрономия, математика, физика, химия, биология, зоология, география, геометрия  ва ғайра ба  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур доданд, ки аз рӯи фанҳои зикршуда ҳар сол озмунҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявиро бо зиёд кардани ҷойҳои ифтихорӣ ва аз лиҳози молиявӣ ҳавасманд гардонидани ғолибон ба роҳ монда, дар асоси талаботи нав ва бо мақсади мутобиқ сохтан ба меъёрҳои байналмилалӣ, инчунин баланд бардоштани сифати таълим стандартҳои давлатӣ ва нақшаву барномаҳои таълимиро дар ҳамаи зинаҳои таҳсил таҷдиди назар намоянд.

АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон

Август 6, 2022 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид