Дар рӯзҳои таҷлили 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ барномаҳои фарҳангӣ-фароғатии сиркӣ пешниҳод мегарданд

Август 7, 2022 11:24

ДУШАНБЕ, 07.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 9 то 11 сентябр ба истиқболи 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои фарҳангӣ-фароғатии сиркӣ пешниҳоди тамошобинон гардонида мешаванд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Сирки давлатии Тоҷикистон.

Барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ барои шаҳрвандони синни гуногун равона гардида, дар онҳо бештари жанрҳои сиркӣ, аз ҷумла, гимнастика, акробатика, дрессура (ромкунандаи ҳайвонот), эквилибристика (мувозинатнигаҳдорӣ), клоунада (масхарабоз), жанглёр (саққобоз), атлетика (вазнбардор), фокус (чашмбандӣ) ва ғайра  пешниҳод мегарданд.

Чиптаҳоро аз хазинаи Сирки давлатӣ метавон дастрас намуд.

Муовини аввали Директори Сирки давлатӣ Қурбоналӣ Зоиров иттилоъ дод, ки тибқи нақша, моҳи октябр гурӯҳи ҳунармандони Федератсияи Русия барномаи сиркии худро дар Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.

Инчунин пешниҳоди барномаи Сирки тоҷик дар Малайзия низ  дар назар аст.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Август 7, 2022 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак 2 ёдгории бостонӣ кашф ва таҳқиқ карда шуд
Дар Мурғоб коргоҳи маҳсулоти қаннодии «Нозанин» ва 5 гармхона ба фаъолият шуруъ намуданд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
50 километр роҳи деҳоти Ҳисор ва Ориён то сарҳади Узбекистон таъмир мегардад
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Дар Шуғнон корхонаҳои саноатӣ ва иншооти соҳаҳои тандурустӣ ва маориф ба истифода дода шуданд
Дар Хоруғ кӯдакистонҳо, маркази обуҳавошиносӣ ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мурғоб муассисаи таълимии томактабии «Лола» ба истифода дода шуд
Дар Бадахшон муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба истифода дода шуданд
Сохтмони бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд идома дорад
35-СОЛАГИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Спитамен беш аз 600 иншоот сохта ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Истаравшан сохтмони зиёда аз 20 иншооти соҳаи маориф идома дорад