Дар шаҳри Душанбе озмуни «Ҳунарманди сол» ҷамъбаст гардид

Август 27, 2022 10:13

ДУШАНБЕ, 27.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 26 август дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ озмуни «Ҳунарманди сол» аз рӯи 6 номина: кандакорӣ-дуредгарӣ, дӯзандагӣ, наққошӣ-рассомӣ, кулолгарӣ-аъҷубасозӣ, бофандагӣ ва коркарди металл миёни чор ноҳияи шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе. 

Озмуни мазкур дар асоси Барномаи рушди ҳунармандӣ барои солҳои 2021-2025 ва ба истиқболи 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст, ки ҳадаф аз он бедор намудани ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ, ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат, ба насли оянда мерос гузоштани ҳунарҳои аҷдодӣ ва муаррифии ҳунари волои халқи тоҷик мебошад.

Дар ҳамоиш роҳбарияту намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вазорату идораҳо ва ҳунармандони соҳибтаҷриба аз чор ноҳияи пойтахт иштирок намуданд.


Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилшод Одиназода иброз намуд, ки мақсади баргузории фестивал баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, қадру манзалати ҳунари миллӣ, рушди ҳунарҳои миллӣ дар пойтахт, инчунин муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Нахуст меҳмонону иштирокчиёни озмун аз номоиши ҳунари ҳунармандони соҳибзавқу ботаҷрибаи чор ноҳияи пойтахт, ки дар даромадгоҳи Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ба маъраз гузошта шуда буд, дидан намуда, ба ҳунари воло ва дастранҷи онҳо баҳои баланд доданд.

Сипас дар фазои тантанавӣ ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмуни «Ҳунарманди сол» аз ҷониби намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо диплому сипоснома ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

АКС: шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Август 27, 2022 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд