Дар вилояти Хатлон масъалаи баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия баррасӣ гардид

Август 19, 2022 11:20

ДУШАНБЕ, 19.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар толори Қасри фарҳанг ва иттилооти шаҳри Бохтар машварати августии кормандони соҳаи маорифи вилоят доир шуд, ки дар он масъалаи баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия баррасӣ гардид, хабар доданд дар шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон.

Дар кори он Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовинони соҳавии раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, масъулини соҳаи маорифи вилоят ва дигар шахсони масъул ширкат варзиданд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус, роҳбарияти олии кишвар соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ эълон дошта, нисбат ба рушд ва пешрафти ин соҳаи ҳаётан муҳими ҷомеа, вобаста ба нишондиҳандаҳои рушди неруи инсонӣ, ки аз се самти асосӣ: дастрасӣ ба таҳсилот, тандурустиву дарозумрӣ ва сатҳи шоистаи зиндагӣ иборатанд, пайваста таваҷҷуҳу ғамхорӣ зоҳир менамояд.

«Бо истифода аз имконияти мавҷуда барои вусъат бахшидани амалигардонии барномаҳои давлатии марбут ба соҳаи маориф, пуррагардонии эҳтиёҷоти кадрӣ дар соҳа, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи хонандагон, мустаҳкам кардани заминаҳои моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ дар ҳама намуди зинаҳои таҳсилот, амалигардонии имтиёзҳои муқарраршудаи омӯзгорони ҷавон, дастгирию ҳавасмандсозии омӯзгорони варзидаю эҷодкор ва хонандагони аълохон корҳои муайян ба анҷом расонида истодааст, ки натиҷаҳои дилхоҳ ба бор меоранд», -гуфт Раиси вилояти Хатлон.

Бояд гуфт, ки соли 2022 бо мақсади рушд ва такмили соҳаи маориф бунёди 130 иншооти таълимӣ пешбинӣ шуда буд, ки 58 адади он то оғози соли нави таҳсили 2022-2023 ба истифода дода мешавад.

АКС: шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон

Август 19, 2022 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад