Дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Ҷопон дар Тошканд рақобат карданд

Август 24, 2022 08:34

ДУШАНБЕ, 24.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии якуми мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи собиқ президенти Ассотсиатсияи футболи Узбекистон Мираброр Усмонов аз дастаи мунтахаби наврасони Ҷопон мағлуб гардид. Дар ин бора ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Бозӣ шоми дирӯз дар майдони Академияи «Бунёдкор»-и шаҳри Тошканд баргузор шуда, бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Ҷопон анҷом ёфт. Голҳоро аз ҳайати ғолибон Шунго Сугиура ва Шота Кофие ба нишон расониданд.

Дар бозии дигари даври аввали мусобиқа ба поси хотири Мираброр Усмонов дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-солаи Узбекистон ва Эрон бозияшонро бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом доданд.

Ёдовар мешавем, ки 25 август дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Эрон бозӣ мекунад. Ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Қибрай», соати 16:00 оғоз мегардад.

Мусобиқаи гиромидошти хотираи Мираброр Усмонов миёни дастаҳои мунтахаби  наврасони то 16-сола

Даври 1

 Тоҷикистон  (U-16) – Ҷопон (U-16) – 0:2

Голҳо: Шунго Сугиура, 59 (0:1). Шота Кофие, 88 (0:2).

23 август. Тошканд. Майдони Академияи «Бунёдкор».

 Узбекистон (U-16) –  Эрон (U-16) – 1:1

Тақвими бозиҳои боқимонда:

Даври 2

25 август (панҷшанбе)

16:00 –  Эрон (U-16) –   Тоҷикистон (U-16). Варзишгоҳи «Қибрай»

17:00 –  Ҷопон (U-16) – Узбекистон (U-16). Варзишгоҳи «Пахтакор»

Даври 3

27 август (шанбе)

15:30 – Ҷопон (U-16) – Эрон (U-16). Варзишгоҳи «Ҷар»

17:00 –  Узбекистон (U-16) –  Тоҷикистон  (U-16).

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Август 24, 2022 08:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад