ДУШАНБЕ БА ШАҲРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕЁБАД. Дар мавсими тирамоҳу баҳор дар пойтахт қариб дусад ҳазор бех ниҳол шинонида мешавад

Август 8, 2022 10:06

ДУШАНБЕ, 08.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар мавсими  тирамоҳи соли равон ва баҳори соли оянда дар ҳудуди пойтахт 193 ҳазору 499 бех ниҳол, аз ҷумла 54 ҳазору 868 бех дарахти сояафкан, 61 ҳазору 947 бех дарахти ороишӣ, 13 ҳазору 61 бех дарахти буттагӣ ва 63 ҳазору 623 бех дарахти мевадиҳанда шинонида мешаванд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад.

Ин тадбир дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба ниҳолшинонию сабзкорӣ дар мавсими тирамоҳи соли 2022 ва баҳори соли 2023 дар шаҳри Душанбе» амалӣ гардонида мешавад.

Бо мақсади таъмини сабзазоркунию хуррамгардонӣ ва ободу зебо нигоҳ доштани гулгашту хиёбонҳо ва боғҳои фарҳангу фароғатӣ дар мавсими тирамоҳ ва баҳори соли оянда ба миқдори умумии 13 миллиону 147 ҳазору 315 адад гул шинонида мешавад, ки аз ин 6 миллиону 761 ҳазору 700 адад гулҳои мавсимӣ, 4 миллиону 233 ҳазору 985 адад  гули бисёрсола ва 2 миллиону 151 ҳазору 630 адад гули лола  мебошанд.  Баҳри сарсабз нигоҳ доштани муҳити атроф дар қитъаҳои махсус дар майдони 98 ҳазору 199,2 метри мураббаъ  сабза кишт карда мешавад.


Бояд ёдовар шуд, ки соли гузашта бо пешниҳодоти Раиси шаҳри Душанбе дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ҷиҳати ба «шаҳри сабз» табдил додани Душанбе дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт ба миқдори 226 ҳазору 354 бех ниҳолҳои ороишӣ, сояафкан ва мевадиҳанда шинонида шуданд, ки дар ҳолати сабзиш қарор доранд.

Бо дастури мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бобати таъмини сарсабзию шукуфонии ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар чор ноҳия муассисаҳои давлатии «Нигоҳдории боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакона» таъсис дода шуданд, ки фаъолияти онҳо дар самти ободонӣ, сабзазоркунӣ ва  шукуфон гардонидани пойтахт назаррас мебошад.

АКС: Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе

Август 8, 2022 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд