ДЗЮДО. Абубакр Шеров дар Ҷоми Осиё сазовори медали нуқра гардид
ДУШАНБЕ, 15.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 13-14 август дар шаҳри Актауи Қазоқистон Ҷоми кушоди Осиё (Aktau Asian Open 2022) оид ба дзюдо ба поси хотири Турар Жолдибаев баргузор шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мусобиқа 154 варзишгар аз шаш давлат ширкат карданд. Дастаи мунтахаби дзюдои Тоҷикистон иборат аз 8 нафар дар ин мусобиқа иштирок карда, танҳо як нафар — Абубакр Шеров дар вазни -66кг ба гирифтани медали нуқра даст ёфт.
Абубакр нерусанҷиро аз даври дуюм оғоз карда, бар варзишгари мизбон Азамат Зулжалелов, дар чорякниҳоӣ бар дзюдочии дигари мизбон Болат Билол ва нимфинал бар сеюм дзюдочии мизбон Алмас Галимов пирӯз шуд, вале дар финал аз дзюдочии пуртаҷрибаи мизбон Сунгат Жубаткан бо дарёфти се «шидо» мағлуб ва барандаи медали нуқра гардид.
Варзишгари дигарамон Наврӯз Каримзод дар вазни -73кг ҷои ҳафтумро гирифт.
АКС: КМО Тоҷикистон








Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд






