ФУТБОЛ. Ғолибони бозиҳои даври дувоздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд

Август 16, 2022 11:00

ДУШАНБЕ, 16.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи гузашта пас аз танаффуси якмоҳа бозиҳои даври дувоздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ хеле ҷолиб баргузор шуданд. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Бозии аввали давр 10 август миёни дастаҳои футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе баргузор шуд. Дар ин дидори ҷолиб дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. 12 август 2 бозӣ сурат гирифт. Дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истравшан дар майдони худ бар дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо ҳисоби 3:0, дастаи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бар дастаи футболи «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуданд. 13 август дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд дастаи КМВА-и шаҳри Душанберо бо ҳисоби 3:2 ва 14 август дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода дар сафар дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтарро бо ҳисоби 1:0 шикаст доданд.

Ёдовар мешавем, ки бозиҳои даври навбатӣ 20-21 август ба нақша гирифта шудаанд. Дар даври 13-ум дастаҳои футболи КМВА-и шаҳри Душанбе бо «Истаравшан»-и шаҳри Истравшан, «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод бо «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд, «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ, «Равшан» -и шаҳри Кӯлоб бо «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ва «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо «Хатлон»-и шаҳри Бохтар вомехӯранд.

Беҳтарин нишонзанҳо: Дилшод Бозоров («Эсхата») – 9 гол, Манучеҳр Ҷалилов, Шервонӣ Мабатшоев (ҳама аз – «Истиқлол») – 5- голӣ, Фатҳулло Фатҳуллоев («Регар-ТадАЗ»), Шарафҷон Солеҳов аз дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе, Мбеке Сиябатчу Деудони («Истаравшан») – 5- голӣ.

Акс: ФФТ

Август 16, 2022 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд