ФУТБОЛ. Ғолибони бозиҳои даври сенздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд

Август 22, 2022 15:32

ДУШАНБЕ,22.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 20-21 август бозиҳои даври сенздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат хеле ҷолиб баргузор гардиданд. Дар ин бора ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Қабл аз ин бозии мавқуфмондаи даври якум миёни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва КМВА-и шаҳри Душанбе баргузор шуданд. Дар ин дидор дастаи КМВА бар дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голро Хуршед Абдуллоев дар дақиқаи 79-ум ба нишон расонид. Ин аввалин бохти дастаи «Истиқлол» дар чемпионати имсола мебошад.

Дар доираи даври сенздаҳум дастаи КМВА бо дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан мусовӣ (1:1) бозӣ кард. Дар охири нимаи якуми бозӣ футболбози артиш Вайсиддин Сафаров ҳисобро кушод. Ба голи задаи ӯ истаравшаниҳо дар дақиқаи 57-ум тавассути Амирҷон Сафаров бо гол ҷавоб доданд. Дар бозии дигар дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода аз дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд. Голи ягонаро Жозеф Феумба ба нишон расонид.

Дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ пас аз ин пирӯзӣ бо 21 хол ба ҷои аввали ҷадвали чемпионат баромад. Дастаи «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод дар бозии хонагӣ ба дарвозаи дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд ду голи беҷавоб зад. Ҳисобро Парвизҷон Деҳқонов дар дақиқаи 66 кушод, ҳамдастааш Ҷаҳонгир Алиев дар дақиқаи 88 ҳисобро афзуд.

Дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар майдони худ аз дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 2:3 мағлуб гардид. Дар ҳайати дастаи «Хуҷанд» голҳоро Сергей Сканян, Ҷаҳонгир Эргашев ва Тоҳир Малодӯстов ба нишон расониданд. Ду голи дастаи мизбонро Ромиш Ҷалилов ва Абдухалил Боронов ба ҳадаф расониданд. Дар бозии охирини давр дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бар дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо ҳисоби 1:0 ғолиб шуд. Голи ягонаро Муҳаммадҷон Раҳимов дар дақиқаи 29-ум нишон расонид.

Ёдовар мешавем, ки бозиҳои даври навбатӣ 2-4 сентябри соли равон дар варзишгоҳҳои мамлакат баргузор мешавад. Дар даври 14-ум 2 сентябр дастаҳои футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода, 3 сентябр дастаҳои футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истравшан бо «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод, «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо КМВА-и шаҳри Душанбе ва 4 сентябр дастаҳои футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо «Хатлон»-и шаҳри Бохтар, «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе миёни ҳам вомехӯранд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Август 22, 2022 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд