Имрӯз дар Душанбе Чемпионати CAFA-2022 миёни дастаҳои ҷавонон (U-19) оғоз мегардад

Август 5, 2022 08:35

ДУШАНБЕ, 05.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 5 август дар Душанбе Чемпионати сеюми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни дастаҳои ҷавонони то 19-сола шурӯъ мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ин навбат панҷ даста – тимҳои ҷавонони Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон барои медалҳо мубориза мебаранд.

Дар остонаи баргузории чемпионати CAFA-2022 4 август дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе ҷаласа баргузор гардид. Дар он масъалаҳои ташкили мусобиқа ва муҳимтарин нуктаҳои низомнома мавриди баррасӣ қарор гирифта, рангҳои либоси дастаҳои ширкаткунанда тасдиқ гардиданд.

Дар мусобиқа, ки аз 5 то 12 август дар Душанбе баргузор мешавад, Азизҷон Достиев (Тоҷикистон) ва Михаил Толкачев (Қирғизистон) нақши комиссарро иҷро мекунанд. Бозиҳои чемпионати CAFA-2022 миёни дастаҳои ҷавонони то 19-соларо ҳайати доварон аз панҷ кишвар ҳакамӣ мекунанд. Ҷумҳурии моро довари ФИФА Сайёдҷон Зайниддинов ва ёвари довари ФИФА Фарҳод Куралов намояндагӣ мекунанд.


Дар маҷмӯъ дар доираи чемпионати CAFA-2022 миёни ҷавонон даҳ бозӣ баргузор мешавад. Ҳама вохӯриҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе сурат мегиранд.

Тибқи низомномаи мусобиқот, ҳар даста якборӣ дар як марҳила бо ҳам бозӣ мекунад. Ғолиб аз рӯйи шумораи бештари холҳо муайян карда мешавад.

Бояд гуфт, ки қаблан Чемпионати CAFA миёни ҷавонон (U-19) ду маротиба баргузор шуда буд. Дар Тошканд соли 2016 дастаи мунтахаби Узбекистон барандаи мусобиқот гашта, соли 2019 футболбозони эронӣ дар Душанбе пирӯз шуда буданд.

Чемпионати CAFA-2022 миёни дастаҳои ҷавонони то 19-сола 

Иштирокчиён: ТОҶИКИСТОН, Эрон, Узбекистон, Афғонистон, Қирғизистон.

Даври 1
5 август (ҷумъа)

18:00 – Узбекистон – Эрон

21:00 – Қирғизистон – Афғонистон

Даври 2
6 август (шанбе)

18:00 – Қирғизистон – Узбекистон

21:00 – Афғонистон – ТОҶИКИСТОН

Даври 3
8 август (душанбе)

18:00 – Эрон – Афғонистон

21:00 – ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон

Даври 4
10 август (чоршанбе)

18:00 – Эрон – Қирғизистон

21:00 – Узбекистон – ТОҶИКИСТОН

Даври 5
12 август (ҷумъа)

18:00 – Афғонистон – Узбекистон

21:00ТОҶИКИСТОН – Эрон

Акс: ФФТ

Август 5, 2022 08:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад