Имрӯз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи забон ва истилоҳот, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, ШСХК «Барқи Тоҷик» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

Август 1, 2022 08:25

ДУШАНБЕ, 01.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 1 август Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» оид ба ҷамъбасти фаъолият дар шаш моҳи аввали соли 2022 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Кумитаи забон ва истилоҳот нишасти матбуотиро соати 09:00 дар маҷлисгоҳи МД «Тоҷикфильм» барпо менамояд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон нишасти матбуотиро соати 10:00 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон (ошёнаи 3, толори рақами 303) доир мекунад.

Нишасти матбуотии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ соати 11:00 дар Кумитаи мазкур баргузор мегардад.

Нишасти матбуотии ШСХК «Барқи Тоҷик», ҶСК «Шабакаҳои  тақсимоти барқ»,ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» соати 16:00 дар ШСХК «Барқи Тоҷик» доир мешавад.

Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории  нишастҳои матбуотиро бояд бо АМИТ «Ховар» тавассути телефонҳои 238-52-23, 888-08-34-04 мувофиқа намоянд.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки  нишастҳои матбуотӣ мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011  доир карда мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 1, 2022 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид