«КОРВОНИ САЛОМАТӢ». Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Шаҳринав 13 рӯз бо ин тадбири муҳим фаро гирифта мешаванд
ШАҲРИНАВ, 13.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо супориши Раиси ноҳияи Шаҳринав Абдуқодир Вализода ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ ва баланд бардоштани фарҳанги тиббии ҷомеа дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Шаҳринав чорабинии марказонидашудаи тиббию машваратии «Корвони саломатӣ» ҷараён дорад. Дар ин бора дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД иттилоъ доданд.
«Корвони саломатӣ» дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 13 рӯз идома менамояд. Дар навбати аввал маъюбону собиқадорони ҷангу меҳнат, омӯзгорон ва дигар ниёзмандон хона ба хона аёдат шуда, муоина ва аз машварати тиббии ройгон гузаронида мешаванд.
Барои дар сатҳи зарурӣ анҷом додани ин чорабинӣ мутахассисону табибони ботаҷрибаи ноҳиявӣ муҷаҳҳаз бо дастгоҳҳои замонавии тиббӣ сафарбар гардидаанд. Инчунин тавассути нақлиёти тиббӣ ба воситаи баландгӯяк вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, барои ройгон гузаштани сокинон аз муоинаи тиббӣ ва гирифтани пешниҳоду тавсияҳо барои муолиҷа даъват карда мешаванд.
Дар доираи «Корвони саломатӣ» имрӯзҳо дар марказҳои саломатии деҳаҳои Баҳористон ва Элокӣ ба воситаи дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ тақрибан 400 нафар сокинон ройгон ба муоинаю ташхиси тиббӣ фаро гирифта шуда, ба беморон тавсияҳо барои табобат дода шуданд.
Ҷиҳати омодагӣ ба соли нави таҳсил бо супориши Раиси ноҳияи Шаҳринав Абдуқодир Вализода дар ин чорабинӣ омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ пурра ва ройгон аз ташхиси таббӣ гузаронида мешаванд. Мувофиқи омор, то имрӯз зиёда аз 120 омӯзгор аз ташхиси тиббӣ гузаштаанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав










Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид






