«КОРВОНИ САЛОМАТӢ». Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Шаҳринав 13 рӯз бо ин тадбири муҳим фаро гирифта мешаванд

Август 13, 2022 11:01

ШАҲРИНАВ, 13.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо супориши Раиси ноҳияи Шаҳринав Абдуқодир Вализода ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ ва баланд бардоштани фарҳанги тиббии ҷомеа дар ҷамоатҳои шаҳраку  деҳоти ноҳияи Шаҳринав чорабинии марказонидашудаи тиббию машваратии «Корвони саломатӣ» ҷараён дорад.  Дар ин бора дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав ба хабарнигори АМИТ «Ховар»  Субҳониддини МАҲМУД иттилоъ доданд.

«Корвони саломатӣ» дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 13 рӯз идома менамояд. Дар навбати аввал маъюбону собиқадорони ҷангу меҳнат, омӯзгорон ва дигар ниёзмандон хона ба хона аёдат шуда, муоина ва аз машварати тиббии ройгон гузаронида мешаванд.

Барои  дар сатҳи зарурӣ анҷом додани ин чорабинӣ мутахассисону табибони ботаҷрибаи ноҳиявӣ муҷаҳҳаз бо дастгоҳҳои замонавии тиббӣ сафарбар гардидаанд. Инчунин  тавассути  нақлиёти тиббӣ ба воситаи баландгӯяк вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, барои ройгон гузаштани сокинон аз муоинаи тиббӣ ва гирифтани пешниҳоду тавсияҳо барои муолиҷа даъват карда мешаванд.

Дар доираи «Корвони саломатӣ» имрӯзҳо дар марказҳои саломатии деҳаҳои Баҳористон ва Элокӣ ба воситаи  дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ тақрибан 400 нафар сокинон ройгон ба муоинаю ташхиси тиббӣ фаро гирифта шуда, ба беморон тавсияҳо барои табобат дода шуданд.

Ҷиҳати омодагӣ ба соли нави таҳсил бо супориши Раиси ноҳияи Шаҳринав Абдуқодир Вализода дар ин чорабинӣ омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ   пурра ва ройгон аз ташхиси таббӣ гузаронида мешаванд. Мувофиқи омор, то имрӯз зиёда аз 120 омӯзгор аз ташхиси тиббӣ гузаштаанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав

Август 13, 2022 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид