Лоиҳаи фаъолияти солонаи маҳфили «Ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд» ба нақша гирифта шуд
ДУШАНБЕ, 15.08.2022. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 12 то 15 август дар Тоҷикистон Анҷумани VIII маҳфили «Ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд» баргузор гардид. Дар доираи он дар шаҳри Норак якчанд барномаву маҳфилҳои фарҳангӣ доир гардиданд.
Тавре дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, аз ҷумла, 14 август кори Анҷумани VIII маҳфили «Ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд» дар осоишгоҳи «Пули сангин»-и шаҳри Норак дар бахшҳои гуногун идома ёфта, зимни он лоиҳаи нақшаи фаъолияти солонаи маҳфили мазкур барои соли хониши 2022 – 2023 ба нақша гирифта шуд.
Роҳбари маҳфили «Ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд» Хусрав Аюбов ҳангоми баррасии лоиҳаи нақшаи солонаи маҳфил аз иштирокчиёни анҷуман даъват ба амал овард, ки дар таҳияи чорабиниҳои яксолаи он фаъол бошанду дархостҳои худро пешниҳод намоянд.
Дар натиҷаи таҳлилу баррасиҳо лоиҳаи нақшаи фаъолияти солонаи маҳфили «Ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд» барои соли хониши 2022 – 2023 муайян гардид. Мувофиқи он соли оянда аз ҷониби аъзои маҳфил чунин тадбирҳо амалӣ карда хоҳанд шуд:
— Баргузории мулоқоту суҳбатҳо бо донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии давлати иқомат вобаста ба таҳсилоти онҳо дар кишвари иқомат;
— Ташкил ва ба роҳ мондани суҳбату мулоқот миёни донишҷӯён бо усули «Ҳамсол ба ҳамсол» вобаста ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои иртиҷоӣ;
— Сабти видеороликҳои ватандӯстона вобаста ба ҳимояи арзишҳои миллию давлатӣ ва инъикоси васеи он дар шабакаҳои иҷтимоӣ (флэшмобҳо ва онлайн марафонҳо);
— Баргузории Шӯрои умумирусиягии маҳфили «Ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд» бо доираи васеи роҳбарони намояндагии маҳфил дар шаҳру вилоятҳои Федератсияи Русия;
— Баргузории озмуни «Донишҷӯи сол – 2022» миёни донишҷӯёни тоҷике, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд;
— Иштироки донишҷӯёни тоҷике, ки дар хориҷи кишвар таҳсил доранд, дар чорабиниҳои байналмилалӣ, минтақавӣ, маҳаллӣ, дохили донишгоҳӣ ва муаррифии кишвар дар онҳо;
— Ташкил ва ба роҳ мондани конференсияҳои илмӣ – назариявӣ тариқи онлайн бо иштироки муҳаққиқони ҷавон ва донишҷӯёни давлатҳои аъзои СҲШ ва ИДМ;
— Анҷумани IX маҳфили «Ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд» ва ғайра.
Дар идомаи кори анҷуман дар мавзӯъҳои «Таҳияи лоиҳаҳои иҷтимоӣ», «Дарёфти маблағгузории лоиҳаҳо» ва «Ташкил ва баргузории чорабиниҳои оммавӣ – фарҳангӣ» тренинг гузаронида шуда, зимни он иштирокчиён вобаста ба мавзӯъҳои мазкур маълумоти муфассал дарёфт намуданд.
Гуфта шуд, ки ҳар аъзои маҳфил бояд барои дар сатҳи баланд амалӣ шудани лоиҳаи нақшаи солонаи маҳфили «Ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд» талош намояд. Зеро ба таври зарурӣ амалӣ намудани он кори маҳфилро дар як соли оянда таҳким мебахшад ва барои муаррифии бештари кишвари азизамон дар давлатҳои иқомати аъзои маҳфил мусоидат мекунад.
Ёдовар мешавем, ки маҳфили «Ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд» аз соли 2014 дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш таъсис ёфта, айни ҳол намояндагиҳои маҳфил дар 18 давлати дунё фаъолият доранд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ








Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Дӯстии ҷавонон» баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи пойтахт дар шаҳри Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон гузориш пешниҳод намуд
Роҳҳои муассири мубориза бо чангу ғубор кадомҳоянд?
Оид ба саҳми тоҷикон дар ташаккули тамаддуни Осиёи Марказӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Кумита бар зидди шиканҷаи СММ ба гузориши миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсия бар зидди шиканҷа баҳои баланд дод
Чангу ғубор сабаби авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо намояндагони Кумитаи СММ бар зидди шиканҷа вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе намоиш — фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ то 31 май идома меёбад
Вазири адлияи Тоҷикистон бо Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
«ХУДШИНОСӢ — ОМИЛИ ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Оид ба ин мавзуъ даври омӯзишӣ оғоз гардид






