Лоиҳаи фаъолияти солонаи маҳфили «Ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд» ба нақша гирифта шуд

Август 15, 2022 10:41

ДУШАНБЕ, 15.08.2022. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 12 то 15 август дар Тоҷикистон Анҷумани VIII маҳфили «Ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд» баргузор гардид. Дар доираи он дар шаҳри Норак якчанд барномаву маҳфилҳои фарҳангӣ доир гардиданд.

Тавре дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, аз ҷумла, 14 август кори Анҷумани VIII маҳфили «Ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд» дар осоишгоҳи «Пули сангин»-и шаҳри Норак дар бахшҳои гуногун идома ёфта, зимни он лоиҳаи нақшаи фаъолияти солонаи маҳфили мазкур барои соли хониши 2022 – 2023 ба нақша гирифта шуд.

Роҳбари маҳфили «Ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд» Хусрав Аюбов ҳангоми баррасии лоиҳаи нақшаи солонаи маҳфил аз иштирокчиёни анҷуман даъват ба амал овард, ки дар таҳияи чорабиниҳои яксолаи он фаъол бошанду дархостҳои худро пешниҳод намоянд.

Дар натиҷаи таҳлилу баррасиҳо лоиҳаи нақшаи фаъолияти солонаи маҳфили «Ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд» барои соли хониши 2022 – 2023 муайян гардид. Мувофиқи он соли оянда аз ҷониби аъзои маҳфил чунин тадбирҳо амалӣ карда хоҳанд шуд:

— Баргузории мулоқоту суҳбатҳо бо донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии давлати иқомат вобаста ба таҳсилоти онҳо дар кишвари иқомат;

— Ташкил ва ба роҳ мондани суҳбату мулоқот миёни донишҷӯён бо усули «Ҳамсол ба ҳамсол» вобаста ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои иртиҷоӣ;

— Сабти видеороликҳои ватандӯстона вобаста ба ҳимояи арзишҳои миллию давлатӣ ва инъикоси васеи он дар шабакаҳои иҷтимоӣ (флэшмобҳо ва онлайн марафонҳо);

— Баргузории Шӯрои умумирусиягии маҳфили «Ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд» бо доираи васеи роҳбарони намояндагии маҳфил дар шаҳру вилоятҳои Федератсияи Русия;

— Баргузории озмуни «Донишҷӯи сол – 2022» миёни донишҷӯёни тоҷике, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд;

— Иштироки донишҷӯёни тоҷике, ки дар хориҷи кишвар таҳсил доранд, дар чорабиниҳои байналмилалӣ, минтақавӣ, маҳаллӣ, дохили донишгоҳӣ ва муаррифии кишвар дар онҳо;

— Ташкил ва ба роҳ мондани конференсияҳои илмӣ – назариявӣ тариқи онлайн бо иштироки муҳаққиқони ҷавон ва донишҷӯёни давлатҳои аъзои СҲШ ва ИДМ;

— Анҷумани IX маҳфили «Ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд» ва ғайра.

Дар идомаи кори анҷуман дар мавзӯъҳои «Таҳияи лоиҳаҳои иҷтимоӣ», «Дарёфти маблағгузории лоиҳаҳо» ва «Ташкил ва баргузории чорабиниҳои оммавӣ – фарҳангӣ» тренинг гузаронида шуда, зимни он иштирокчиён вобаста ба мавзӯъҳои мазкур маълумоти муфассал дарёфт намуданд.

Гуфта шуд, ки ҳар аъзои маҳфил бояд барои дар сатҳи баланд амалӣ шудани лоиҳаи нақшаи солонаи маҳфили «Ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд»  талош намояд. Зеро ба таври зарурӣ амалӣ намудани он кори маҳфилро дар як соли оянда таҳким мебахшад ва барои муаррифии бештари кишвари азизамон дар давлатҳои иқомати аъзои маҳфил мусоидат мекунад.

Ёдовар мешавем, ки маҳфили «Ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд»  аз соли 2014 дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш таъсис ёфта, айни ҳол намояндагиҳои маҳфил дар 18 давлати дунё фаъолият доранд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ

Август 15, 2022 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 47 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуд
«ТОБИСТОН- 2024». Дар Душанбе ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» табибони Тоҷикистон ва Эрон амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ анҷом доданд
Моҳи май Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад
Дар шаҳри Исфара сел талафот ва харобӣ ба амал наовардааст
Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад
Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Қазоқистон расонида шуд
Ба сокинони деҳаҳои Кӯли Калон ва Нушори поёни ноҳияи Тоҷикобод 2 техника бо арзиши 850 ҳазор сомонӣ кумак карда шуд