Мақоми дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар рейтинги нави ФИФА маълум шуд
ДУШАНБЕ, 26.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) рейтинги нави дастаҳои мунтахабро нашр кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба sports.tj.
Тоҷикистон бо 1179 хол дар рейтинг як зина поён — аз 108-ум ба 109-ум фаромад.
Сегонаи беҳтарини рейтинг бетағйир буда, Бразилия дар зинаи аввал, Белгия ва Аргентина мутаносибан дар ҷойҳои дуюм ва сеюм қарор доранд.
Аз дастаҳои мунтахаби Осиёи Марказӣ Узбекистон дар ҷои 84-ум, Қирғизистон дар ҷои 96-ум, Қазоқистон поёнтар аз Тоҷикистон дар ҷои 119-ум ва Туркманистон дар ҷои 135-ум қарор доранд.
Нишондиҳандаи беҳтарини Тоҷикистон дар рейтинги ҷаҳонӣ моҳи июли соли 2013 буд: дастаи мунтахаби кишвар дар он мақоми 106-умро касб кард. Имсол дастаи мунтахаби Тоҷикистон тавонист аз рӯи 40 банд боло равад. Аз рӯи натиҷаҳои рейтингҳои моҳона дастаи кишвар натиҷаи пасттаринро соли 2003 (ҷои 180-ум) нишон дода буд. Пасттарин нишондоди солона ба ҳисоби миёна соли 2002 (миёни 207 дастаи ҷои 168-ум) ба қайд гирифта шудааст.
Рейтинги ФИФА ба ҳолати 25 августи соли 2022:
- Бразилия — 1837 очков
- Белгия — 1821
- Аргентина — 1770
- Фаронса — 1764
- Англия — 1737
- Испания — 1716
- Италия — 1713
- Нидерланд — 1679
- Португалия — 1678
- Дания — 1665
…
- Украина — 1542
- Русия — 1493
- Узбекистон — 1306
- Гурҷистон — 1296
- Арманистон — 1242
- Қирғизистон — 1232
- Беларус — 1226
- Тоҷикистон — 1179
- Эстония — 1177
- Қазоқистон — 1166
…
- Озарбойҷон — 1127
- Латвия — 1125
- Туркманистон — 1100
- Литва — 1074
- Молдова — 944.
Акс: ФФТ








Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






