Мизоҷони «Бонки Эсхата» дар доираи лоиҳаи GEFF ба маблағи беш аз 3 млн сомонӣ грант гирифтанд

Август 21, 2022 09:26

ДУШАНБЕ, 21.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи лоиҳаи GEFF, мизоҷони «Бонки Эсхата» дар ҳаҷми 30% аз маблағи қарзи қаблан гирифташуда грантҳои навбатӣ гирифтанд, ки ҳаҷми умумии он беш аз 3 млн сомониро ташкил медиҳад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар ҶСК «Бонки Эсхата» хабар доданд.

Бин ба маълумоти бонк, маблағгузории ин грантҳо асосан ба харидории қубурҳои обёрӣ ва насосҳо, тракторҳо, парвариши боғҳои интенсивӣ, боғҳо дар нишебиҳо, сохтмони анборҳои хунуккунак, сохтмони гармхонаҳо, насб кардани низомҳои обёрии қатрагӣ, хариди таҷҳизот барои истеҳсоли хӯроки чорво ва ғайра нигаронида шудааст.

«Ин дафъа мизоҷони филиалҳои Ҳисор, Бохтар, Ёвон, Мастчоҳ, Турсунзода, Истаравшан, Панҷакент ва Идораи амалиётии шаҳри Хуҷанд ба маблағи 309 074,66 доллари ИМА ё 3 171106 сомонӣ грант гирифтанд», — таъкид намуданд дар бонк.

Ёдовар мешавем, ки ҶСК «Бонки Эсхата» дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва GEFF Тоҷикистон ба фермерҳо ва корхонаҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ ва занҷираҳои кишоварзии арзиши иловашуда фаъолият мебаранд ва ба таҷҳизоту технологияҳои муосиру самаранок сармоягузорӣ мекунанд, грантҳои сармоягузорӣ пешниҳод мекунад. Дастгирии техникӣ аз ҷониби гурӯҳи маҳаллии GEFF дар марҳилаҳои гуногуни таҳияи лоиҳа, баҳодиҳии сармоягузориҳо ва татбиқи лоиҳа пешниҳод карда мешавад.

АКС: «Бонки Эсхата»

Август 21, 2022 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 9.9500 то 10.2212 сомонӣ муқаррар гардидааст