МОРО ДАР ЗИЁДА АЗ 100 ДАВЛАТИ ҶАҲОН МЕХОНАНД. Дар шашмоҳаи аввали соли 2022 аз сомонаи АМИТ «Ховар» беш аз 2 миллион маротиба дидан кардаанд

Август 18, 2022 12:19

ДУШАНБЕ, 18.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар 6 моҳи аввали соли 2022 аз сомонаи АМИТ «Ховар» 2 миллиону 066 ҳазору 299 маротиба дидан кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 52 063 маротиба ё худ 2,5 фоиз зиёд мебошад. Чунин маълумотро ба мо хадамоти русии liveinternet.ru Русия, ки ба ҷамъоварӣ ва таҳлили ченакҳои самаранокии сомонаҳо машғул аст, пешниҳод намуд.

Ҳамчунин дар ин давра теъдоди воридшавандагон ба сомонаи мо ба 365 ҳазору 375 нафар расид. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли  гузашта 124 ҳазору 453 нафар ё беш аз 34 фоиз зиёд мебошад.


Тибқи маълумот, шумораи  воридшавандагон аз ҳисоби мардон  68,1% ва занон – 31,9%-ро ташкил медиҳад. Аз ин теъдод ба синни аз 18-сола поён — 1,9%,  аз 18 то 24-сола – 23,6%, аз 25 то 34-сола — 26,8%, аз 35 то 44-сола – 31,6% ва аз 44-сола боло – 16,1% рост меояд.


Моро дар зиёда аз 100 давлати ҷаҳон мехонанд. Аз ҷумлаи онҳо дар шашмоҳаи  аввали соли 2022 дар 50 кишвар аз ҳама бештар ба сомонаи мо ворид шудаанд. Ба даҳгонаи аввал Тоҷикистон (77,8%), Русия (5,9%), Олмон (2,3%), Фаронса (1,8%), ИМА (2,3%), Британияи Кабир (1,1%), Нидерланд (0,8%), Узбекистон (1,1%), Лаҳистон (0,6%) ва Қазоқистон (0,7%) дохил мешаванд.


Сохтори гузариш ба саҳифаҳои сомона чунин аст: дохилӣ  – 55,1%, тавассути  шабакаҳои  иҷтимоӣ – 27,5%, ба воситаи саҳифаҳои иловагӣ – 11,6%, тариқи системаҳои  ҷустуҷӯӣ – 5% ва аз сомонаҳои дигар – 0,7%.


Албатта, ин теъдоди корбарони интернет ба барномаҳои Радиои «Ховар» низ дар басомади 101,5 FM дастрасӣ доранд, ки онро метавон дар сомонаи www.khovar.tj мустақиман гӯш кард.

Ёдовар мешавем, ки АМИТ «Ховар» мақомоти  марказии иттилоотии Тоҷикистон  ва яке аз агентиҳои маъруфи иттилоотӣ дар минтақа ва фазои пасошӯравӣ мебошад.

АМИТ «Ховар» имрӯз ягона агентии иттилоотӣ дар ҷумҳурӣ мебошад, ки мақоми расмӣ дорад. Он дорои ҳуқуқи эксклюзивии ҷамъоварӣ ва паҳн намудани иттилоот ва санадҳои расмӣ оид ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шарҳ додани онҳо мебошад.

Агентӣ таъминкунандаи боэътимоди иттилооти саривақтӣ ва муътамад оид ба рӯйдодҳои тамоми минтақаҳои Тоҷикистон мебошад. Истифодабарандагони иттилооти агентии «Ховар» на танҳо рӯзномаву маҷаллаҳо, телевизион ва радио мебошанд, балки маводи паҳнкардаи агентӣ аз ҷониби истифодабарандагони сомонаҳои интернетӣ, сафоратхонаҳои хориҷӣ, доираҳои тиҷоратӣ, вазорату идораҳо, ташкилоти ҷамъиятӣ ва шахсони алоҳида дар Тоҷикистон ва берун аз он фаъолона истифода мешаванд.

Иттилооти АМИТ «Ховар» бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, арабӣ ва ҳуруфоти форсӣ паҳн мегардад. Агентӣ бо агентиҳои иттилоотии пешрафта, хадамот ва марказҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ робитаҳои мутақобилан судманд дорад.

 

P.S. Мо ба тамоми истифодабарандагони сомона ва ҳамаи онҳое, ки навиштаҷоти моро мехонанд ва дар ин самт фаъоланд, изҳори миннатдорӣ менамоем. Ин барои мо як навъ арзёбии фаъолияти хеш буда, моро водор месозад, ки дар оянда боз ҳам беҳтар  фаъолият намоем.

Акрамхоҷа АКБАР,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»/Тоҳир САИД

Август 18, 2022 12:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд