ҶОМИ ДЭВИС. Ҳайати дастаҳои марҳилаи гурӯҳии бонуфузтарин мусобиқоти сатҳи ҷаҳонӣ оид ба теннис маълум шуд
ДУШАНБЕ, 27.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Теннисбозони тоҷик дар марҳилаи гурӯҳии 110-умин Ҷоми Дэвис — 2022 (Davis Cup Finals) дар гурӯҳи «В», ки бозиҳои он дар шаҳри Исо-Таун (Isa Town, Баҳрайн) аз 17 то 22 октябри соли ҷорӣ баргузор мешаванд, ширкат мекунанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи байналмилалии теннис (ITF).
Ба ҳайати дастаи Тоҷикистон Сомон Амонов, Иссамҷон Шарифов, Фирӯз Муҳиддинов ва Бахтиёр Исроилов шомил гардиданд.
Гурӯҳи «В» дар минтақаи IV Осиё/Океания аз дастаҳои Баҳрайн, Бутан, Камбоҷа, Гуам, Кувайт, Лаос, Муғулистон, Сингапур, Тоҷикистон ва Туркманистон иборат аст.
Марҳилаи гурӯҳии даври ниҳоии Ҷоми Дэвис бори нахуст дар чаҳор шаҳри мухталиф баргузор мешавад. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ меёбанд. Ғолиби гурӯҳ дар даври плей-офф бозӣ карда, муайян мекунад, ки кадом кишвар аз гурӯҳ роҳхат мегирад. Бозиҳои плей-офф аз 23 то 27 ноябри соли 2022 дар Малагаи Испания баргузор мегарданд.
Ҷоми Дэвис (Davis Cup) бузургтарин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни мардон буда, ҳамасола аз соли 1900 ва аз соли 1979 инҷониб таҳти сарпарастии Федератсияи байналмилалии теннис баргузор мешавад. Дастаҳои теннисбозони кишварҳои гуногун бо ҳамдигар бозӣ намуда, дастаҳои мағлубшуда аз мусобиқа хориҷ мешаванд.
Бозиҳои Ҷоми Дэвис дар давоми сол баргузор гардида, бозиҳои аввали гурӯҳи интихобӣ дар моҳи январ оғоз мешаванд ва финал одатан дар моҳи ноябр доир мегардад. Дар ҳар даври мусобиқот ду дастаи миллӣ дар давоми се рӯз, маъмулан аз ҷумъа то якшанбе панҷ бозӣ анҷом медиҳанд.
Ҷоми Дэвис таърихи ҷолиб дорад: соли 1899 чор донишҷӯи Донишгоҳи Ҳарвард пешниҳод карданд, ки мусобиқа байни дастаҳои миллӣ баргузор шавад. Яке аз онҳо Дуайт Дэвис нақшаи баргузории мусобиқотро таҳия карда, инчунин бо маблағҳои худ ҷоиза барои чемпионҳо як ҷоми нуқрагӣ харидааст. Ин ғоя аллакай дар соли 1900, вақте дастаҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Британияи Кабир байни худ бозӣ мекарданд, ба воқеият табдил ёфт. Худи ташкилкунанда дар дастаи ИМА бозӣ карда, барои ба даст овардани ғалаба кумак намуд.
Ҳоло даҳҳо кишвари ҷаҳон дар Ҷоми Дэвис ширкат меварзанд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз соли 1997 дар Ҷоми Девис ишитрок мекунад ва 13 мавсимро дар он сипарӣ намудааст. Мунтахаби Тоҷикистон натиҷаи беҳтаринро дар соли 2013 ба даст овард.
Ғолиби мусобиқаи қаблии 109-умин Ҷоми Дэвис дар моҳи ноябри соли 2021 дар Мадрид (бори сеюм дар таърих) дастаи Русия буд. Имсол варзишгарони Русия ба далели таҳримҳо дар мусобиқа ширкат намекунанд.
АКС аз бойгонӣ








Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд






