«Ҳосилот» ва «Кӯктош» дар даври сенздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи якум ғолиб омаданд

Август 23, 2022 10:11

ДУШАНБЕ, 23.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври сенздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи якум дар варзишгоҳҳои мамлакат ҷолиб баргузор гардиданд. Дар ин бора ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Ҷолибтарин рақобати даври мазкур — ин бозии дастаҳои футболи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор ва «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ буд, ки дастаи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор бо бартарияти ду гол тавонист ҳарифи асливу усулии худро шикаст диҳад.

Аз бозии дастаҳои футболи «Ваҳдат»-и шаҳри Ваҳдат ва «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ интизорӣ хеле зиёд буд ва мухлисон ҳатто ҳадс мезаданд, ки дастаи «Кӯктош» бо бартарияти 10 гол ғалаба мекунад. Бозӣ бо ҳисоби 3 бар 0 ба фоидаи дастаи «Кӯктош» анҷом ёфт.

Дастаҳои заифтарини чемпионат «Моҳир»-и ноҳияи Ёвон ва «Сарҳадчӣ»-и ноҳияи Ҳамадонӣ буданд, ки мухлисон ҳатто шоҳиди як гол ҳам нагаштанд.

Бозиҳои даври 13-уми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи якум ба таври зайл сурат гирифтанд:

Душанбе 1:1 Гулистон

Ваҳдат 0:3 Кӯктош

Моҳир 0:0 Сарҳадчӣ

Саройкамар: Барқчӣ (мавқуф)

Ҳосилот 2:0 Ҳулбук

Динамо 3:1 Панҷшер

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Август 23, 2022 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад