Паҳлавонони тоҷик бо медалҳои фахрии Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ ба Ватан баргаштанд
ДУШАНБЕ, 20.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 20 август паҳлавонони тоҷик бо медалҳои фахрии Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ, ки аз 9 то 18 август дар шаҳри Қунияи Туркия баргузор шуданд, ба шаҳри Душанбе баргаштанд. Дар мусобиқаи мазкур варзишгарони кишвар Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кг медали нуқра, Шодмон Ризоев дар вазни то 81 кг медали биринҷӣ, Абубакри Акобир дар вазни то 100 кг медали биринҷӣ ба даст оварданд, хабар додааст шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе паҳлавонони парчамбардори тоҷикро намояндагони Федератсияи дзюдои кишвар, соҳаи варзиш, ҳаводорони риштаи гӯштини дзюдои мамлакат ва наздикону пайвандон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Бо ин дастовард дзюдочиёни тоҷик дар таърихи гӯштини дзюдои Ватан саҳифаи нав боз намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи охирини мусобиқаи гӯштини дзюдо (дар доираи Бозиҳои панҷуми ҳамбастагии исломӣ) рақобатҳои даставӣ доир шуданд, ки бори аввал Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он ширкат карда, барандаи медали биринҷӣ гардид.
Рақобатҳо аз рӯи панҷ вазн (-66, -73, -81, -90 ва +90кг) миёни мардон сурат гирифтанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид






