Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

Август 17, 2022 15:10

ДУШАНБЕ, 17.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 17 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои пурмасъули Вазорати корҳои дохилӣ таъйин гардиданд, ба ҳузур пазируфтанд.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовинони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ, сардорони шуъбаҳои корҳои дохилии ноҳияҳои Восеъ, Сангвор, Мурғоб ва Варзоб аз ҳисоби кадрҳои соҳибтаҷрибаву тахассусманд таъйин гардиданд.

Зимни мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз авзои минтақа ва ҷаҳон, таъмини волоияти қонун, мубориза бар зидди ҳамагуна қонуншиканиҳо, пешгирии қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки кадрҳои ҷавону болаёқат вобаста ба таҳдиду хатар, ҷиноятҳои замони муосир ва мубориза бо ҳамагуна зуҳуроти террористиву экстремистӣ пайваста омӯзанд ва бо истифода аз технологияи муосир сатҳи донишҳои тахассусии худро боз ҳам баланд бардоранд.

Таъиноти кадрӣ 17.08.2022

Август 17, 2022 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд