Роҳи оҳани нави боркашонӣ аз Чин ба Осиёи Марказӣ ба истифода дода шуд

Август 15, 2022 11:34

ДУШАНБЕ, 15.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Роҳи нави оҳани боркашонӣ аз Чин ба Осиёи Марказӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар ин бора нашрияи «Уси жибао» хабар додаст.

Масири нави боркашонии роҳи оҳан аз шаҳри Вуси, музофоти Чянсу дар шарқи Чин оғоз шуд ва аз тариқи Қазоқистон ба Ӯзбекистон мегузарад.

Макони ниҳоии қатора бо зиёда аз 1000 тонна бор, аз ҷумла асбобу анҷоми рӯзгор ва қисмҳои автомобилҳо бояд дар зарфи 20 рӯз ба ҷои таъиншуда, ба Ӯзбекистон расад.

Арзиши умумии бори аввал 4,4 миллион долларро ташкил медиҳад. Гуфта мешавад, ки қатораи боркаш аз бандари баҳрии Лянюнган (музофоти Ҷянсу), мегузарад.

Ба гуфтаи Ҳуан Ҳунлян, раиси Анҷумани корхонаҳои тиҷорати хориҷии музофоти Ҷиансу, масири нав аз интиқоли борҳои логистикӣ аз Лянюнган ба Осиёи Марказӣ бартарии комил дорад. Терминали боркашонии Қазоқистон аз соли 2014 дар Лянюнган фаъолият мекунад.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дода буд, Тоҷикистон стратегияи навро дар самти боркашонӣ таҳия кардааст, ки бар асоси он дар ояндаи наздик ҷумҳурӣ бояд мақоми давлати транзитӣ дошта бошад. Ба гуфтаи Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Азим Иброҳим, вазифаи асосии соҳа рушди инфрасохтори транзитӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.

ФОТО: АИ «Синхуа

Август 15, 2022 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид