«САФОИ ХОНАДОН». Дар Душанбе таҳти ин унвон озмун доир мешавад

Август 25, 2022 09:37

ДУШАНБЕ, 25.08.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аввали моҳи сентябр дар пойтахт озмуни шаҳрии «Сафои хонадон» баргузор мегардад. Озмуни мазкур ҷиҳати муайян намудани беҳтарин оила вобаста ба тарбия ва маърифати экологӣ  байни сокинони пойтахт гузаронида мешавад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Тавре Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи ҳукумати шаҳри Душанбе Зарина Зуҳурова иброз дошт, ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур тарбияи экологии насли наврас, малакаи муносибати эҳтиёткорона ба манзил, дарки муносибати байни рафтори ҳаррӯзаи инсон ва муҳити зист, сифати зиндагии оила, аз ҷумла саломатӣ ва некуаҳволии аъзои он ва одамони дигар, корҳои маърифатӣ байни кӯдакон ва падарону модарони онҳо буда, маърифати экологии оилаҳоро инкишоф медиҳад.

Озмун дар ду давра — ноҳиявӣ ва шаҳрӣ баргузор гардида, дар арафаи ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҷамъбаст мешавад.

Дар он барои  муайян намудани беҳтарин оила — вазъи кунунии манзилҳои истиқоматӣ, ҳолати биноҳои гирду атроф, кабудизоркунии назди биноҳои истиқоматӣ, нигоҳ доштани ҳолати тозагии манзилҳои истиқоматӣ, робитаи оилаҳо бо муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои тиббии маҳаллаҳо ва муассисаҳои фарҳангии дар шаҳраку маҳаллаҳои истиқоматӣ ҷойдошта ба назар гирифта мешаванд.

Оилаҳое, ки дар асоси холҳои бадастоварда натиҷаи баландтаринро ноил мегарданд, ғолиби озмун дониста мешаванд.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Август 25, 2022 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд