«САФОИ ХОНАДОН». Дар Душанбе таҳти ин унвон озмун доир мешавад
ДУШАНБЕ, 25.08.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аввали моҳи сентябр дар пойтахт озмуни шаҳрии «Сафои хонадон» баргузор мегардад. Озмуни мазкур ҷиҳати муайян намудани беҳтарин оила вобаста ба тарбия ва маърифати экологӣ байни сокинони пойтахт гузаронида мешавад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Тавре Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи ҳукумати шаҳри Душанбе Зарина Зуҳурова иброз дошт, ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур тарбияи экологии насли наврас, малакаи муносибати эҳтиёткорона ба манзил, дарки муносибати байни рафтори ҳаррӯзаи инсон ва муҳити зист, сифати зиндагии оила, аз ҷумла саломатӣ ва некуаҳволии аъзои он ва одамони дигар, корҳои маърифатӣ байни кӯдакон ва падарону модарони онҳо буда, маърифати экологии оилаҳоро инкишоф медиҳад.
Озмун дар ду давра — ноҳиявӣ ва шаҳрӣ баргузор гардида, дар арафаи ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҷамъбаст мешавад.
Дар он барои муайян намудани беҳтарин оила — вазъи кунунии манзилҳои истиқоматӣ, ҳолати биноҳои гирду атроф, кабудизоркунии назди биноҳои истиқоматӣ, нигоҳ доштани ҳолати тозагии манзилҳои истиқоматӣ, робитаи оилаҳо бо муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои тиббии маҳаллаҳо ва муассисаҳои фарҳангии дар шаҳраку маҳаллаҳои истиқоматӣ ҷойдошта ба назар гирифта мешаванд.
Оилаҳое, ки дар асоси холҳои бадастоварда натиҷаи баландтаринро ноил мегарданд, ғолиби озмун дониста мешаванд.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






