Сафорати Тоҷикистон дар Олмон вобаста ба муҳити зист ва обу энергетика ҳамоиши фосилавӣ баргузор кард

Август 30, 2022 16:36

ДУШАНБЕ, 30.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 29 август бо ибтикори муштараки Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Намояндагии иқтисоди Олмон дар Осиёи Марказӣ (AHK), ҳамчунин Палатаи савдо ва саноати Олмон (DIHK) вебинари маҷозӣ дар мавзӯи «Технологияҳои ҳифзи муҳити зист бо тамаркуз ба гидроэнергетика ва таъмини об» баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҳамоиши фосилавӣ Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов, инчунин намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар иштирок ва бо маърӯзаҳои худ вобаста ба имконияти фарохи ҳамкорӣ дар бахши иқтисод ва сармоягузорӣ суханронӣ карданд.

Имомудин Сатторов изҳор дошт, ки Тоҷикистон хостори густариши ҳарчи бештари равобит бо Олмон дар бахши иқтисод ва сармоягузорӣ мебошад. Аз ин рӯ, тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, манбаъҳои энергияи таҷдидпазир ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар ин ҷода ҳамчун самтҳои ояндадор дониста мешаванд.

Дипломати тоҷик дар фароварди суханронии худ аз иштирокдорон, мақомоти расмӣ ва ширкатҳои бонуфузи олмонӣ даъват ба амал овард, ки бо назардошти зарфияти фаровон дар раванди татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон фаъолона иштирок намоянд.

Маърӯзакунандагон алоқамандии худро ба тавсеаи ҳамкории минбаъдаи барои тарафҳо манфиатовар изҳор доштанд.

Акс: ВКХ ҶТ

Август 30, 2022 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбаргузор гузошт
Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян бо сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуд
Намояндаи Тоҷикистон бо Мудири кулли Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева мулоқот намуд
Дар Женева афзалият дар самти рушди устувори шаҳрҳо дар Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Шри-Ланка мулоқот намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидпазири Кувайт мулоқот кард
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар Тоҷикистон дар расонаҳои иттилотии Аморот инъикос ёфт
Моҳи майи соли 2027 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба оғози Даҳсолаи таҳкими сулҳ баргузор мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии энергетикаи Покистон мулоқот намуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд
Шараф Шерализода бо ҳамраисони иҷроия ва аъзои Шурои директорони Палатаи муштараки савдои Швейтсария мулоқот намуд