Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии Беморхонаи марказии шаҳри Конибодомро ифтитоҳ карданд
ДУШАНБЕ, 11.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 11 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Конибодоми вилояти Суғд бинои иловагии беморхонаи марказии шаҳрро ифтитоҳ карданд.
Бинои мазкур 4-ошёна буда, дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба талаботи замони муосир бунёд карда шудааст. Дар ошёнаи якуми бино шуъбаи бемориҳои чашм бо фарогирии 30 кат ҷойгир буда, ошёнаи дуюм барои шуъбаи бемориҳои асаб бо 30 кат пешбинӣ шудааст.
Дар ошёнаи сеюм маркази саломатии шаҳрӣ ва дар ошёнаи чорум маъмурияти беморхонаи марказӣ ҷойгир карда шудааст. Бинои нав барои қабули 60 нафар пешбинӣ гардида, муоина ва бистарикунонии беморон дар шароити мусоид ба роҳ монда мешавад.
Бинои иловагии беморхонаи марказии шаҳри Конибодом бо маблағгузории Идораи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бунёд гаридааст. Иншоот дар муҳлати муайяншуда бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони ҳозира сохта шудааст.
Ҳамаи ҳуҷраҳои беморхона бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гардонда шуда, барои ташхису табобати дақиқу саривақтии бемориҳои чашм ва асаб шароити хуби табобат муҳайё мебошад. Бинои иловагӣ бо мизи ҷарроҳӣ, катҳои функсионалӣ, микроскоп барои ҷарроҳӣ кардани чашм, инчунин дифиблятор ва монитори назди бемор, дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ва ғайра таъмин аст. Ҳамчунин бо маблағҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 1 миллиону 900 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти маишӣ, мизу курсӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ харидорӣ гардидаанд.
Баъди фароҳам овардани чунин шароит табибон бо истифода аз таҷҳизоти нави ташхисӣ ба беморон хизмати баланди тиббӣ мерасонанд.
Дар бинои иловагии Беморхонаи марказии шаҳри Конибодом, ки нав сохта шудааст, қариб 80 нафар табиб ва корманди миёнаи тиб фаъолият доранд, ки ҳамарӯза ба беморон хизмати босифати тиббӣ мерасонанд.









Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлобро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлобро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар шаҳри Панҷакент сохтмони иншооти иҷтимоӣ вусъат меёбад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ ба фаъолияти Маркази таълимӣ ва забономӯзии «Ориё» расман оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ боғчаи бачагонаи «Маҳдия»-ро ба истифода супориданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ ба таври фосилавӣ 20 иншооти таъиноташон гуногун ва 70 километр роҳҳои маҳаллиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ бинои Меҳмонхона ва Маркази хизматрасонии «Эҳсон»-ро ба истифода доданд
Дар шаҳри Москва 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ бинои Беморхонаи хусусии «Тибби Ҳулбук»-ро мавриди истифода қарор доданд






