Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии Беморхонаи марказии шаҳри Конибодомро ифтитоҳ карданд

Август 11, 2022 09:50

ДУШАНБЕ, 11.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 11 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Конибодоми вилояти Суғд бинои иловагии беморхонаи марказии шаҳрро ифтитоҳ карданд.

Бинои мазкур 4-ошёна буда, дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба талаботи замони муосир бунёд карда шудааст. Дар ошёнаи якуми бино шуъбаи бемориҳои чашм бо фарогирии 30 кат ҷойгир буда, ошёнаи дуюм барои шуъбаи бемориҳои асаб бо 30 кат пешбинӣ шудааст.

Дар ошёнаи сеюм маркази саломатии шаҳрӣ ва дар ошёнаи чорум  маъмурияти беморхонаи марказӣ ҷойгир карда шудааст. Бинои нав барои қабули 60 нафар пешбинӣ гардида, муоина ва бистарикунонии беморон дар шароити мусоид ба роҳ монда мешавад.

Бинои иловагии беморхонаи марказии шаҳри Конибодом бо маблағгузории Идораи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бунёд гаридааст. Иншоот дар муҳлати муайяншуда бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони ҳозира сохта шудааст.

Ҳамаи ҳуҷраҳои беморхона бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гардонда шуда, барои ташхису табобати дақиқу саривақтии бемориҳои чашм ва асаб шароити хуби табобат муҳайё мебошад. Бинои иловагӣ бо мизи ҷарроҳӣ, катҳои функсионалӣ, микроскоп барои ҷарроҳӣ кардани чашм, инчунин дифиблятор ва монитори назди бемор, дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ва ғайра таъмин аст. Ҳамчунин бо маблағҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 1 миллиону 900 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти маишӣ, мизу курсӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ харидорӣ гардидаанд.

Баъди фароҳам овардани чунин шароит табибон бо истифода аз таҷҳизоти нави ташхисӣ ба беморон хизмати баланди тиббӣ мерасонанд.

Дар бинои иловагии Беморхонаи марказии шаҳри Конибодом, ки нав сохта шудааст, қариб 80 нафар табиб ва корманди миёнаи тиб фаъолият доранд, ки ҳамарӯза ба беморон хизмати босифати тиббӣ мерасонанд.

Ифтитоҳи бинои иловагии Беморхонаи марказии шаҳри Конибодом 11.08.2022

Август 11, 2022 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон