Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ-ро ба истифода супориданд
ДУШАНБЕ, 10.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 10 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Истаравшан бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба истифода супориданд.
Бинои нав аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, дорои 8 ҳуҷраи корӣ, ду маҷлисгоҳ бо 100 ҷойи нишаст, китобхона ва дигар инфрасохтори зарурӣ мебошад.
Иншоот дар масоҳати 312 метри мураббаъ бо тарҳи муосир аз ҷониби Кумитаи марказии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон, аъзои Ҳизб ва соҳибкорони маҳаллӣ бунёд карда шудааст.
Муҷаҳҳаз намудани ҳуҷраҳои корӣ бо лавозимоти зарурӣ имкон медиҳад, ки минбаъд 11 нафар корманди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан бо истифода аз шароити зарурӣ бо азму иродаи қавӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ фаъолият намоянд.
Имрӯз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан 13 ҳазору 802 нафар аъзо дорад, ки аз ин 53 дарсадашро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Дар баробари бунёди ҳуҷраҳои муосир ва дастрас намудани лавозимоти зарурӣ ҳамзамон атрофи бинои навбунёд бо шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ ва чарроғоннамоӣ ободу зебо гардонида шудааст.
Президенти мамлакат, Раиси муаззами Ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои ба истифода супоридан ва шиносоӣ бо имконияти бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан ба аъзо ва соҳибкорон ҷиҳати бунёди бинои хуштарҳу замонавӣ изҳори сипос намуда, кормандонро ба хизмати софдилона ва иҷрои масъулияти бузурги шаҳрвандӣ ҳидоят намуданд.









Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






