Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ-ро ба истифода супориданд

Август 10, 2022 09:37

ДУШАНБЕ, 10.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 10 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Истаравшан бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба истифода супориданд.

Бинои нав аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, дорои 8 ҳуҷраи корӣ, ду маҷлисгоҳ бо 100 ҷойи нишаст, китобхона ва дигар инфрасохтори зарурӣ мебошад.

Иншоот дар масоҳати 312 метри мураббаъ бо тарҳи муосир аз ҷониби Кумитаи марказии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон, аъзои Ҳизб ва соҳибкорони маҳаллӣ бунёд карда шудааст.

Муҷаҳҳаз намудани ҳуҷраҳои корӣ бо лавозимоти зарурӣ имкон медиҳад, ки минбаъд 11 нафар корманди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан бо истифода аз шароити зарурӣ бо азму иродаи қавӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ  фаъолият намоянд.

Имрӯз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан 13 ҳазору 802 нафар аъзо дорад, ки аз ин 53 дарсадашро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Дар баробари бунёди ҳуҷраҳои муосир ва дастрас намудани лавозимоти зарурӣ ҳамзамон атрофи бинои навбунёд бо шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ ва чарроғоннамоӣ ободу зебо гардонида шудааст.

Президенти мамлакат, Раиси муаззами Ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои ба истифода супоридан ва шиносоӣ бо имконияти бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан ба аъзо ва соҳибкорон ҷиҳати бунёди бинои хуштарҳу замонавӣ изҳори сипос намуда, кормандонро ба хизмати софдилона ва иҷрои масъулияти бузурги шаҳрвандӣ ҳидоят намуданд.

Ифтитоҳи бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан 10.08.2022

Август 10, 2022 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басманда хатти оби полезиро ифтитоҳ намуданд ва бо лоиҳаи заминҳои кишти картошкаи ноҳияҳои Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти томактабии №6-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич 5 кӯдакистон, муассисаи таълимӣ, толори варзишӣ ва бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии “Ёсуман”-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи пойафзол ва маводи шустушӯии «Раҳматулло»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Маркази саломатии деҳаи Қалъаи Дӯстиро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони шаҳри Панҷакент мулоқот намуданд
Cуханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони шаҳри Панҷакент
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент бо фаъолияти гармхонаи Моғиён-Агро шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент корхонаи истеҳсоли шиферро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент Беморхонаи минтақавиро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент МТМУ №115-ро ифтитоҳ намуданд