ШУМОРАИ БЕМОРОНИ ВНМО (ВИЧ, HIV) ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ МЕАФЗОЯД. Соли 2022 дар Тоҷикистон 548 нафар ба Вируси норасоии масунияти одам гирифтор шудаанд

Август 24, 2022 12:07

ДУШАНБЕ, 24.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи гирифторони бемории ВНМО (ВИЧ, HIV) дар Осиёи Марказӣ меафзояд. Дар ин бора мудири иҷроияи ЮНЭЙДС (Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ВИЧ/СПИД; AIDS and HIV) Винни Бьянима дар ҷараёни Конферонси байналмилалӣ оид ба СПИД (Ангезандаи норасоии масунияти одам, АНМО) хабар дод. Конфронс аз 29 июл то 2 август дар шаҳри Монреали Канада баргузор гардид.

Тибқи иттилои Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаш моҳи соли равон 548 нафар шахсони аз Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) сироятёфта ба қайд гирифта шуданд, ки аз онҳо 352 нафар мард ва 196 нафар зан мебошанд.

Шумораи умумии сироятёфтагони ВНМО аз соли 1991 то 30 июни соли 2022 14 540 нафарро ташкил дода, миёни онҳо 9264 нафар мард ва 5276 нафар зан мебошанд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода 27 август зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки яке аз масъалаҳои муҳим- ин пешгирии сирояти ВНМО аз модар ба кӯдак мебошад. «Дар 6 моҳи соли равон 130 нафар занҳои ҳомилаи гирифтори ин беморӣ таваллуд карданд ва дар 14 нафар зан исқоти ҳамл гузаронида шуд. Дар айни замон 94 нафар занони ҳомила бо сирояти ВНМО зери назорати антенаталӣ қарор доранд. Дар ин марҳила 305 нафар кӯдаконе, ки аз модарони мубталои ВНМО таваллуд ёфтаанд, то марҳилаи 18-моҳагӣ таҳти назорати мутахассисон қарор доранд», — зикр намуд Ҷамолиддин Абдуллозода.

Ҳамчунин дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки дар фурудгоҳҳои шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд 6 адад ва дар назди марказҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО 13 адад мониторҳои калонҳаҷм барои мунтазам пахш намудани видеотасвирҳо оид ба роҳҳои сироят ва пешгирии ВНМО устувор карда шудаанд, ки аз онҳо то имрӯз муҳоҷирони меҳнатӣ ҳангоми сафар ба хориҷи кишвар ва инчунин муроҷиаткунандагони марказҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО маълумоти дақиқ дастрас менамоянд.

Ба гуфтаи мутахассисон, асосан се роҳи гирифторӣ ба ин вирус вуҷуд дорад:

  1. Ҳангоми алоқаи ҷинсӣ бо шахсоне, ки гирифтори вируси ин беморӣ мебошанд. Сироят метавонад ҳам аз мард ва ҳам аз зан гузарад.
  2. Ҳангоми хунгузаронӣ ба воситаи хуне, ки дар таркибаш вируси ВНМО вуҷуд дорад. Ҳангоми истифодаи сӯзандоруҳои тамизнашуда, ки бо ин роҳ бештар нашъамандон гирифтор мешаванд, зеро онҳо бо як сӯзандору ба якчанд нафар моддаҳои нашъаовар мегузаронанд.
  3. Аз модари дорандаи ин вирус ба кӯдак ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллуд ва маконидани навзод.

Одамоне мавҷуданд, ки хатари сирояти ВНМО ба онҳо бештар аст. Ин гуна ашхос ба гурӯҳи хатарнок мансуб дониста мешаванд. Масалан, нашъамандон, ҳамҷинсгароён, фоҳишаҳо, одамони гирифтори бемории гемофилия, кӯдакони мӯҳтоҷ ба хунгузаронӣ.

ВНМО бо чунин роҳҳо паҳн намешавад: неш задани ҳашарот, газидани хомӯшаку кӯрпашша, фишурдани дасти одами гирифтори ин вирус, зарраҳои оби даҳон (яъне атса задану сулфидан), асбобу анҷоми рӯзгор, парастории бемор, истифодаи ҳоҷатхонаи умумӣ, либоси таг ва кӯрпаю болишт, пули қоғазин ва танга.

ВНМО бе ягон нишонаи клиникӣ буда, вирус дар дохили хун ҷой мегирад. Агар бемор сари вақт ба табиб муроҷиат накунад ва аз дору истифода набарад, ин вирус дар хун инкишоф меёбад. Танҳо истифодаи дору ва риояи дастури табиб оид ба вируси ВНМО ҷараёни инкишофи бемориро дар организм қатъ мекунад. Шахс метавонад ҳамчун фарди солим бимонад.

Ҳоло дар ҷаҳон 38 миллион нафар гирифторони ВНМО ҳастанд. Аз се ду ҳиссаи шумораи умумии одамони гирифтори ВНМО дар ҷаҳон дар минтақаи Африқо (25,7 миллион) зиндагӣ мекунанд.

Тибқи омори Бонки ҷаҳонӣ, Федератсияи Русия аз рӯйи паҳншавии ВНМО дар ҷойи 46 ва Тоҷикистон дар мақоми 95 қарор доранд.

27 декабри соли 1993 бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии бемории ВНМО» мавриди амал қарор гирифт. Тибқи қонуни мазкур, ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд бо мақсади ошкор намудани сирояти ВНМО аз муоинаи тиббӣ гузаранд. Шаҳрвандони дигар давлатҳо, инчунин шахсони бешаҳрвандӣ, ки барои таҳсил ё кор ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд, барои ошкоркунии мавҷудияти сирояти ВНМО ба таври ҳатмӣ аз муоинаи тиббӣ гузаронида мешаванд. Маълумот дар бораи сироят ёфтани шахс ба ВНМО сирри хизматӣ буда, онро қонун ҳифз мекунад. Гирифторони сирояти ВНМО бояд оид ба зарурати риояи чораҳои пешгирикунанда оид ба пешгирии паҳншавии сирояти ВНМО ва ҷавобгарии ҷиноятӣ доштани дидаю дониста паҳн кардани хатари сирояти он ба дигарон огоҳ карда шаванд.

Моҳи апрели соли 1997 дар назди Ҳукумати Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба мубориза бо ВНМО таъсис дода шуд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонӣ

Август 24, 2022 12:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми аз обхезиҳои шадид зарадидаи Қазоқистон ба роҳ баромад
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми ташкилоти кор бо ҷавонони аъзои ИДМ дар шаҳри Тошканд иштирок намуданд
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо ташкилоти байналмилалии соҳавӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Ҳайати намояндагӣ-занони роҳбари воҳидҳои сохтории Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон омад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Табибони тоҷик усули нави ҷарроҳӣ дар самти табобати сурхрӯда ва меъдаро амалӣ намуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
Дар шаҳри Кӯлоб омодагии мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор гирифт
ҲАҶ ФАРЗ АСТ Ё ХУДНАМОЙИИ ҲОҶИЁН? Агар зоирон нисфи хароҷоти исрофкоронаашонро барои бунёди пул, ҳаммом, кандани ҷӯй сарф менамуданд, аҷру савоби бештар мегирифтанд
Дар шаҳри Хуҷанд клиникаи муосири оилавии муосири 1+1 ифтитоҳ гардид
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Андешаҳо оид ба моҳияти фалсафии он