ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, якшанбе, 240-умин рӯзи соли 2022 аст

Август 28, 2022 08:00

28 августи соли 1992 миёни Тоҷикистон ва Ҳиндустон муносибати дипломатӣ барқарор гардид.

***

10 сол пеш, 28 августи соли 2012 дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, яке аз қуллаҳои баланди бе номи қаторкӯҳи Помир, ки аз ҷониби 75 нафар кӯҳнавардон аз 17 кишвари ҷаҳон фатҳ гардидааст, «20-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» номгузорӣ шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 24-умин  солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи калони кормандони касбу кори гуногунро, ки дар фаъолияти худ ба дастовардҳои намоён ноил гардидаанд, бо мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомию махсус ва ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз гардониданд.

28 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Гонконг  —  Рӯзи озодкунӣ.

***

Дар Чин – Рӯзи Тси Си — иди ошиқон.

РӮЙДОДҲО:

28 августи соли 2000 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Пешвои  исмоилиҳои ҷаҳон шоҳзода Оғо Хони IV барои дар шаҳри Хоруғ бунёд намудани Донишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказӣ созишнома ба имзо расониданд.

***

28 августи соли 2008 миёни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати чинии «Yunnan Phosphate Chemical Group Co., LTD» Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамдигарфаҳмӣ   ба имзо расид.

***

 28 августи соли 2009 минтақаҳои озоди иқтисодии «Ишкошим» ва «Данғара» таъсис дода шуданд.

***

28 августи соли 1966 дар Аргентина ҳуқуқи корпартоӣ бекор карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1973 дар Иёлоти Оахакаи Мексика дар натиҷаи заминҷунбии иқтидораш 6.8 балл зиёда аз 520 нафар ба ҳалокат расиданд.

***

28 августи соли 1991 Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев оид ба хатми истифодаи машқгоҳи Семипалатинск фармон баровард.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли  2003  аввалин ҳавопаймои мусофирбар аз Кобул ба Душанбе парвоз кард.

***

Соли 1933 полиси Англия аввалин маротиба радиоро барои дастгир кардани ҷинояткор истифода бурд.

Август 28, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш